Ба фоҳишагӣ ҷалб кардан

Ба фоҳишагӣ ҷалб кардан - ҷиноят ба муқобили ахлоқи ҷамъиятӣ буда, дар м. 238 КҶ ҶТ пешбинӣ гардидааст. Тарафи объективии ҷиноят аз ҷалб намудан ба фоҳишагӣ бо зӯроварӣ ё таҳдиди истифодаи он, истифодаи вазъи тобеият, шантаж, таҳдиди несту нобуд ё вайрон кардани амвол ё бо роҳи фиреб иборат аст. Ба фоҳишагӣ ҷалб намудан дар маҷбур намудани зан оид ба мунтазам бар ивази пул ё мукофоти дигар бо шакли дилхоҳ бо шахси дилхоҳ даромадан ба алоқан ҷинсӣ фаҳмида мешавад. Агар ҳангоми ба фоҳишагӣ ҷалб кардаи бо истифодаи зӯроварӣ ба саломатии ҷабрдида зарари миёна ё вазнин расонида шавад, кирдорҳои гунаҳгор аз рӯи маҷмӯи ҷиноятҳо (м. 110, 111 ва 237 КҶ ҶТ) банду баст карда мешавад. Фиреб ҳамчун усули ба фоҳишагӣ ҷалб кардан мумкин аст дар ваъдаи пайдо намудани кори муайян (пешхизмат, ҳунарманд ва ғайра) ифода ёбад, вале дар асл гунаҳгор ҷабрдидаро ба сифати фоҳиша истифода бурдан мехоҳад.[1]

Нигаред низ

вироиш

Қонун

  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009.- с.78-79