Беатриса Қодирова
Беатриса Исматовна Қодирова – мусиқишинос, филолог, узви Иттифоқи композиторони Тоҷикистон. Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон
Беатриса Исматовна Қодирова | |
Пеша(ҳо) | филолог,мусиқишинос |
Зиндагинома
вироишСоли 1959 Қодирова Беатриса Исматовна факултаи филологияи Донишгоҳи Самарқанд ва соли 1968 факултаи таърих ва назарияи Консерваторияи давлатии Тошканд ба номи М.Ашрафиро хатм кардааст. Соли 1968 Қодирова Б.И. ба Душанбе омада, ба ҳаёти мусиқии ҷумҳурӣ фаъолона ворид мегардад. Ба ҳайси лектори Филармонияи давлатии Тоҷикистон, солҳои 1994 – 1997 – мудири кафедраи таърих ва назарияи мусиқии Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода фаъолият намуда даҳҳо мутахассис – мусиқишиносонро ба воя расонидааст, ки аз байни онҳо ду нафар – Дрожжина М.Н. ва Туровец Н.Р. баъдтар рисолаҳои докториро ҳимоя намуда, ҳоло дар макотиби олии мусиқии Россия бомуваффақият кор мекунанд. Дар байни шогирдони Б.И. Қодирова Ходимони хизматнишондодаи санъат, Ҳунармандони халқӣ, Ҳофизони халқии ҷумҳурӣ Давлатманд Холов, Файзалӣ Ҳасанов, актёрон Салим Муқимов, Мирзоватан Миров, Исо Абдурашидов ва дигарон мебошанд. Тӯли даҳсолаҳо фаъолияти Қодирова Б.И. бо Иттифоқи композиторони Тоҷикистон пайванди қавӣ дошт. Аз соли 1968 ӯ пайваста дар ҷаласаҳои он ширкат меварзид, дар кори анҷуманҳо ва Пленумҳои он иштирок менамуд, дар анҷумани VI композиторони СССР, пленумҳои мусиқишиносӣ дар Москва, соли 1987 дар пленуми идонаи Иттифоқи композиторони СССР дар шаҳри Кемерово иштирок кардааст. Ҳамчун мутахассис оид ба мусиқии раёсати санъат Б.И. Қодирова қариб даҳ сол ба Шӯрои мусиқии Вазорати фарҳанги Тоҷикистон роҳбарӣ намудааст. Бо ташаббуси ӯ дар Тоҷикистон аввалин маротиба озмунҳои мусиқӣ, аз ҷумла якумин Озмуни ҷумҳуриявии сарояндагони мусиқии суннатии тоҷик (1992) баргузор гардидаанд. Б.И. Қодирова моҳи майи соли 1991 дар ташкил ва баргузории аввалин Озмуни байналмилалии ҳунарпешагони балети ба номи М.Собирова дар шаҳри Душанбе фаъолона ширкат варзидааст. ӯ котиби масъули ҳайати ҳакамоти озмуни мазкур буд. Аз соли 1969 Б.И. Қодирова барои радиои тоҷик ҳам оид ба фаъолияти композиторони алоҳида ва ҳам доир ба шаклу жанрҳои фарҳанги мусиқии тоҷик мақолаҳо навишта, аксарон худаш онҳоро қироат менамуд. Солҳои 1971 – 1974 Б.Қодирова ба аспирантураи Институти таърих ва этнографияи ба номи А.Дониши АИ Тоҷикистон бо тахассус дар Консерваторияи Ленинград ба номи Н.А.Римский-Корсаков таҳсил намудааст.Тӯли солҳои фаъолият дар Тоҷикистон Б.И. Қодирова оид ба эҷодиёти композиторони тоҷик даҳҳо мақолаҳои илмӣ, тақризҳо, мулоҳизаҳо навиштааст, аз ҷумла очеркҳои монографии «Баласанян ва фарҳанги мусиқии тоҷик», «Маэстрои мусиқии тоҷик», «Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва фарҳанги мусиқии тоҷик», мақолаҳои «Фарҳанги мусиқии тоҷик ва тиҷорат», «Операи тоҷик ва замони муосир» ва диг.Аз соли 1993 дар нафақа буда, Б. Қодирова фаъолиятро дар Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, Пажӯҳишгоҳи фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, мактаби бачагонаи мусиқии №1 ба номи П.И.Чайковский идома дода, дар форумҳои гуногун, аз ҷумла конференсия бахшида ба 90-солагии Ғ.Валаматзода (2008), конференсияи илмӣ-амалӣ бахшида ба 1150-солагии Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ (Душанбе, 2008) бо маърӯзаҳо баромад намудааст. Дар қатори дигар омӯзгорон – таъсисдиҳандагони Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода номи Қодирова Беатриса Исматовна дар Китоби фахрии Донишкада сабт гардидааст. Вай бо нишони «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардидааст.
Осор
вироиш- Баласанян и таджикская музыкальная культура. Монографический очерк. Душанбе, «Прогресс», 2009, 48 с.
- Маэстро таджикской музыки. // Народная культура, состояние, проблемы и перспективы. Сб. ст. Душанбе, «Эҷод», 2005, 33 с.
- Музыкальное искусство Таджикистана и рынок. // Паёмномаи фарҳанг. Душанбе, 2007, №1, С. 46–57.
- Восстание Восе» – первая таджикская опера. // Из истории народных движений в Средней Азии. Сб. ст. Душанбе, «Дониш», 1988, С.125–134.
- Великая Отечественная война и музыкальная культура Таджикистана. Душанбе, «Адиб», 2010, 47 c.[1]
Эзоҳ
вироиш- ↑ Композиторон ва мусиқишиносони Тоҷикистон. - Душанбе, 2011, - c 247- 252