Бебокча
Бебокча — сурудест дар қисмати «Наср»-и мақоми «Бузург»-и «Шашмақом».
Бебокча ба асоси мақомҳои «Шашмақом» дар а. 19 мураттаб шудааст ва мусиқидонон онро аз рӯйи хусусияти алҳониаш ба мақоми «Бузург» дохил кардаанд. Таркиби оҳангии бебокча аз суръати тези усули «Сарахбор» ва «Авҷи турк» ташаккул ёфтааст. Дар пардаҳои танбӯр бо тарзи дубл-диез ҷӯр шуда, бо ҳиссаҳои зарбии ¾ иҷро мешавад. Ҳоҷӣ Абдулазиз бебокчаро каме такмил дода, бар ғазали «Намуд»-и Зебуннисо месароид. Вале дар «Шашмақом» бо матни мухаммаси Сипандӣ бар ғазали Шавкат дохил гардидааст, ки матлааш чунин аст:
Дар чаман то рахти ноз он қадди дилҷӯ мекашад,
Сарв худро аз хиҷолат бар лаби ҷӯ мекашад.
Сарояндагони хушилҳон Барно Исҳоқова ва Ҷ. Набиев бо ҳамин матн бебокчаро хеле хуб сурудаанд.