Бедили Саҳоранпурӣ
Иноятуллоҳ ибни Муҳаббаталӣ Бедили Саҳоранпурӣ (форсӣ: بیدل سهارنپوری; қарни XVII) — шоири форсизабони Ҳиндустон.
Навъи фаъолият: | шоир |
---|
Зиндагинома
вироишМувофиқи маълумоти тазкираи «Рӯзи равшан»-и Музаффар Ҳусайни Сабо ин шахс дар хидмати ҳокими Саҳоранпур Ғазанфархон будааст ва муддате ҳамроҳи ӯ дар Кобул зиндагӣ кардааст. Дар мавзеъи Хоҷаравоши Кобул қабре ҳаст, ки бо номи «Қабри Бедил» шуҳрат дорад. Маълум аст, ки ин қабри Мирзо Абдулқодири Бедил нест ва бешубҳа қабри Бедили Саҳоранпурӣ мебошад. Аз девони Бедили Саҳоранпурӣ иттилое нест. Намунаҳои осораш дар тазкираҳо оварда шудаанд. Абёти зерин аз ӯянд.
Эй зулфу рухи ту субҳу шоми дилҳо
В-аз ҳаҷри лаби ту талх коми дилҳо.
Бар боди сабо ба кӯчаҳои зулфат
Танг аст гузор аз мақоми дилҳо.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Бедили Саҳоранпурӣ / Б. Раҳимӣ // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.
- Раҳимӣ Б. Ошноӣ бо Бедил. Д., 2009;
- خسته خال محمد. منتخب الزمان عبدالقادر بیدل. مجلۀ ژوندون. ۱۳۴۲ هـ. ش. رقم ۲۰