Бедилӣ
Бедилӣ (форсӣ: بدیلئ, с. тав. ваф. номаълум) — шоираи форс-тоҷик (а. 15).
Навъи фаъолият: | шоир |
---|
Ҷузъиёти тарҷумаи ҳолаш маълум нест. Дар тазкираҳои Алишери Навоӣ («Маҷолис-ун-нафоис»), Алиқулихони Доғистонӣ («Риёз-уш-шуаро») ва диг. аз ӯ чун шоираи номии давр ёдовар шудаанд. Аз девонаш иттилое нест. Намунаҳои ашъораш дар тазкираҳову баёзҳо сабт гардидаанд. Абёти зерин аз ӯянд:
Мани мискин ба сари кӯи ту ҳарчанд давидам,
Ғайри оҳею сиришке зи дилу дида надидам.
***
Мебарад ҳар кас ба пеши ёр аз ҷон туҳфае,
Мо ба Ҳинд ин бедилӣ аз шармсорӣ мебарем.
Эзоҳ вироиш
Адабиёт вироиш
- Бедилӣ / У. Назиров // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.
- Мухторов А. Мероси ниёгон. Д., 1999;
- شعر زنان افغانستان. پاریس، ۱۳۷۹ هـ. ش