Бедонаи кевронӣ
Бедонаи кевронӣ — навъи маҳаллии ангур, селексияи халқист.
Асосан дар деҳаи Кеврони ноҳияи Дарвоз ва ҳаволии он мепарваранд. Токаш сустсабз, навдаҳояш камҳосил, баргаш калон-калони гирда, 5-гӯша, дандонадор; гулаш дуҷинса. Мевааш охири авг. мепазад; хӯшааш миёнаҳаҷми камғуҷум. Ғужбаш лӯнда, сабзи зардчатоб, 2–3 тухми норасида дорад; ғужмаш ғафс, мағзаш сершира ва хуштаъм. Дар таркибаш 20–23% қанд ва 4–4,3 г/л туршӣ мавҷуд аст.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Бедонаи Кевронӣ // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.