Бедонаи шаваткӣ — як навъ тути хӯрданбоби маҳаллӣ.

Баргаш байзашакли нӯгтез, яклухти калон (120 х 65 мм), атрофаш дандонадор (ба барги тути балхӣ шабоҳат дорад). Мевааш майдаи сафед (12-17 мм), бедона, сероби ширин, таъми хос дорад, аз охири май то нимаи авг. мепазад. Меваашро барои тархӯрӣ ва хушкондан истифода мебаранд. Аз тармевааш ширинӣ мепазанд. Солҳои қаҳтӣ ба сабаби зиёд будани қанди таркибаш (тармевааш 11-13 %, тутмавизаш 57-59 %) мардуми кӯҳистон онро чун нону қанд истеъмол мекард. Бедонаи шаваткӣ бештар дар водии Зарафшон — деҳаҳои Оббурдан, Ревомутк, Пастиғави ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ва ноҳияҳои Айнию Панҷакент дучор мешавад. Дар деҳаи Ревомутк дарахтони 80-120-солаи он низ самар меоранд. Барои тайёр кардани тутпист мувофиқ аст.

Адабиёт

вироиш
  • Смолский Н. В. Культура тутового дерева в Зеравшанской долине // Плодовые Среднего Таджикистана. Л., 1935.