Бедона парид (бозӣ)
«Бедона парид», «будана принг», «пар-пар» — як навъ бозии анъанавии бачагон, ки дар фаслҳои гармо дар майдони кушод иҷро мешавад.
Бозигарон ба ҳамдигар зич ба сурати давра менишинанд. Онҳо пойҳояшонро ба маркази давра дароз намуда, менишинанд. Яке аз бачаҳои калонсолтар номи парранда ё дигар ҷонваронро бонавбат номбар мекунад (мас., бедона парид, зоғ парид…) ва дар яке аз онҳо дасти рости худро зуд боло мебардорад. Дигар бозигарон ба ӯ тақлид карда зуд дасти росташонро боло бардоранд. Ҳар касе дер кард, ё ба пушт ғелон шуд, мағлуб ҳисоб мешавад. Дар Рашт, Дарвоз, водиҳои Ҳисору Зарафшон нимфаъол аст.[1]
Ин бозӣ дар байни бачагони водии Қаротегину Дарвоз бо номи «будинапринг» ва дар водиҳои Ҳисору Зарафшон бо номи «будина парид» ва «пар-пар» маъруф аст.
Эзоҳ
вироиш- ↑ Феҳристи миллии фаҳанги ғайримоддӣ /Natioal list of intangible cultural hertage/ Пажӯшиҳгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги ҶТ — Душанбе: «Аржанг» 2016, — С. 175
Адабиёт
вироиш- Бедона парид / Д. Раҳимов // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.
- Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик. Ҷ.1. Д., 2015.
- Нурджанов Н. Игры // Таджики Каратегина и Дарваза. Вып.3, Д., 1976.