Безноитиоз — як навъ касалии музмини пӯсти ҳайвонот, ки организмҳои якҳуҷайраи сода (аз ҷинси Besnoitia) ба вуҷуд меоваранд. Ба безноитиоз асосан чорвои калон гирифтор мешавад.

Таърих

вироиш

Безноитиозро бори нахуст соли 1912 олимони фаронсавӣ К. Бенуа ва В. Робан тавсиф кардаанд. Ангезандаи безноитиоз ҳилолшакл аст. Ба олимон муяссар гардид, ки онро бо роҳи сунъӣ ба харгӯш, гӯсфанд, буз, кӯрмуши обӣ, муши регзор ва ҷанини тухми мурғ низ гузаронанд. Тахмин меравад, ки ҳайвонот ба тавассути ҳашароти хунмак, махсусан кӯрмагас сироят меёбанд (мумкин усули дигари паҳншавии касалӣ низ мавҷуд бошад). Ангезандаи безноитиоз ба хун дохил шуда, аввал ба моноситҳо ва нейтрофилҳои нав ва баъд ба гистиоситҳо зарар мерасонад. Дар ин ҷо ангезандаи безноитиоз бо парда (систа) иҳота мешавад ва ҳамин тавр то 10 сол (баъзан зиёдтар) маҳфуз мемонад. Дар натиҷаи бисёр ғун шудани систаҳо бофтаҳои пайвандии пӯст газак мегиранд. Давраи ниҳони (инкубатсионӣ)-и касалӣ 6-45 шаборӯз давом мекунад.

Навъҳо

вироиш

Безноитиоз шадид ва музмин мешавад. Безноитиози шадид аксар ноаён мегузарад. Ҳангоми безноитиози музмин пӯсти осебдида ғафс, дағалу пурчин гашта, мекафад ва хуншор мешавад; пашм ҷо-ҷо мерезад. Аломати хеле бармаҳал ва хосси безноитиоз дар сулбия (сафедпардаи чашм)-и чорво ошкор кардани систаи паразит мебошад. Систа боиси инкишофи склерит (илтиҳоби пардаи сафеди чашм) ва баъзан кӯрии чорво мегардад. Безноитиозро дар асоси маълумоти эпизоотологӣ ва клиникӣ ташхис мекунанд. Муолиҷа ва пешгирии безноитиоз алҳол маълум нест.

Адабиёт

вироиш
  • Болоцкий И. А. Справочник по инфекционным болезням животных. Ростов н/Д., 2002;
  • Щербаков Г. Г., Коробов А. В. Внутренние болезни животных. С-Пб., 2005.