Беинтиҳоӣ
Беинтиҳоӣ, беохирӣ, номутаноҳӣ (рамз: ∞) — дар фалсафа мафҳумест, ки бепоёнии ҳаракати материя, табдилу таҳаввули падидаву ашёи олами моддӣ ва номутаноҳӣ будани олами кайҳонро ифода мекунад.
Дар ду маънии мухталиф истифода мешавад:
- беинтиҳоии сифатӣ мафҳумест, ки дар қонунҳои илм истифода шуда, хусусияти умумии робитаи ҳодисаҳоро муайян мекунад.
- беинтиҳоии миқдорӣ номаҳдудии ҷараёну ҳодисаҳоро ифода менамояд.
Таърих
вироишМасъалаи беинтиҳоии сифатӣ ҳанӯз дар фалсафаи аҳди бостон, алалхусус, вобаста ба космогония ва масъалаҳои табиати тафаккур мавриди баҳс қарор гирифта буд. Дар фалсафаи асрҳои миёнаи Шарқ низ беинтиҳоиро мутафаккирон мавриди баррасӣ қарор дода, аксари машшоиён азалияту абадияти оламро эътироф ва таълимоти даҳриён роҷеъ ба беинтиҳоӣ дар фазову вақтро инкишоф додаанд. Мас., агар даҳриён бо эътирофи вақти абадӣ — даҳр беинтиҳоиро қоил бошанд, Абубакри Розӣ, Ибни Сино, Насируддини Тусӣ бо пазируфтани азалияту абадияти олам касрати мавҷудот ва ғояи беинтиҳоии оламро дар мадди аввал қарор додаанд.
Вале дар фалсафаи давраи нав (Р. Декарт, Ҷ. Лок, Г. Лейбнис), вобаста ба тараққиёти табиатшиносӣ, масъалаҳои исботи мантиқии беинтиҳоӣ аҳаммияти махсус пайдо кард. Г. Гегел масъалаи беинтиҳоиро аз ҷиҳати фалсафӣ ба таври амиқ таҳлил намуда, беинтиҳоии ҳақиқӣ (сифатӣ)-ро аз беинтиҳоии ботил чун миқдори беандоза афзоянда фарқ кард ва категорияи беинтиҳои ро бо тавсифи ҷараёни инкишоф алоқаманд намуд.
Вобаста ба масъалаҳои космологӣ беинтиҳоии миқдорӣ, одатан, ҳамчун беинтиҳоии олами моддӣ (материалӣ) дар фазо ва замон дониста мешавад. Дар масъалаи шарҳи беинтиҳоӣ нуқтаи назари динӣ ва идеалистӣ, ки беинтиҳоиро чун беинтиҳоии Худо ё чун маҳсули шуур медонад ва нуқтаи назари материалистӣ, ки беинтиҳоиро яке аз хусусиятҳои материя, фазо ва вақт пиндошта, дар таҳқиқи он ба комёбиҳои риёзӣ ва космология такя мекунад, ба ҳам муқобиланд.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Сагадеев А. В. Ибн-Рушд. М., 1973;
- Комаров В. Н. По следам бесконечности. М., 1974
- Султонов У. Ақидаҳои фалсафӣ, иҷтимоӣ ва ахлоқии Абуалӣ ибни Сино. Д., 1975;
- Наан Г. Н. Понятие в математике, физике и астрономии. М., 1965;
- Диноршоев М. Философия Насириддина Туси. Д., 1968;
Сарчашма
вироиш- Беинтиҳоӣ // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — С. 468. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.