Бекор кардани шартномаи байналхалқӣ

Бекор кардани шартномаи байналхалқӣ- дасткашии яктарафаи давлат аз шартномаи байналхалқии басташуда дар асоси меъёрҳои ҳуқуқи байналхалқӣ, ки дар натиҷа шартнома барои давлати мазкур эътибори худро гум мекунад. Асос барои бекор кардани шартномаи байналхалқӣ инҳоянд:

  • вайрон намудани шартнома аз тарафи дигар иштирокчиён;
  • дигаргун шудани ҳолатҳо;
  • ҳангоме ки иҷрои шартнома имконнопазир мегардад ва ғайра.[1]

Нигаред низ

вироиш
  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с.92