Белкин Виктор Шаевич


БЀЛКИН Виктор Шаевич (таваллуд 17.10.1941, шаҳри Душанбе), анатом, доктори илмҳои тиб (1975). Баъди хатми Институти давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино (1964) аввал ординатор, баъд ассистенти кафедраи анатомияи эътидолии донишгоҳ ва аз соли 1973 мудири лаборатория тадқиқоти тиббию биологии баландкӯҳи Шуъбаи муҳофизат ва истифодаи самараноки захираҳои табиии АИ ҶШС Тоҷикистон буд. Муаллифи зиёда аз 60 мақолаи илмӣ. Таълифоти Белкин ба хусусиятҳои тағйироти морфологӣ ва амалии организм, ки дар шароити баландкӯҳ дар раванди мутобиқат ба вуҷуд меоянд, бахшида шудаанд. Соли 1988 аз ҷумҳурӣ рафт.

Белкин Виктор Шаевич
Белкин Виктор Шаевич
Сурат
Таърихи таваллуд 17 октябри 1941
Зодгоҳ шаҳри Душанбе

Сарчашма

вироиш