Белфаст, (инглисӣ: Belfast) шаҳр, пойтахти Ирландияи Шимолӣ. Аҳолиаш 579 554 нафар. Масоҳаташ 115 км2, баландӣ аз сатҳи баҳр – 3 м. Бандари баҳрӣ дар соҳили гулугоҳи Шимолӣ, дар назди резишгоҳи дарёи Логан ба халиҷи Белфаст-Лохири Хатти киштигузари Белфаст: Трун, Странрар, Хейшем, Ливерпул. Аэропорти байналмилалӣ (Элдег­роув) дорад.

Белфаст
Хатои Lua: expandTemplate: template "lang-ga" does not exist.
Парчам Нишон
Парчам Нишон
Кишвар  [[|]]
Таърих ва ҷуғрофиё
Масоҳат
  • 114,995472 км²
Баландӣ
3 м
Вақти минтақавӣ UTC±00:00[d]
Аҳолӣ
Аҳолӣ
Шиносаҳои ададӣ
Рамзи ISO 3166-2 PK-IS
Коди телефон 28
Вебгоҳи расмӣ(англ.)
Белфаст дар харита
Белфаст дар харита
 Парвандаҳо дар Викианбор

Таърих

вироиш
 

Белфаст соли 1177 баъди қалъабандии яке аз истилогарони нормандӣ Дж. де Курси бунёд гардидааст. Аз садаи XVII маркази саноатии катонресии Ирландия, баъд аз он яке аз марказҳои бузургтарини саноатии катонресӣ дар ҷаҳон ба ҳисоб мерафт. Дар садаи XVIII дар Белфаст муассисаи таъмири киштиҳо бунёд ёфт. Соли 1888 мақоми шаҳрро гирифт. Соли 1911 аз Белфаст, киштии машҳури Титаник ба шино оғоз карда буд. Аз соли 1920 маркази сиёсии Ирландияи Шимолӣ. Баъди тақсимот дар Ирландия (1921) Белфаст яке аз марказҳои муқовимати мазҳабӣ (католикҳо ва протестантҳо) гардид.

Иқтисодиёт

вироиш

Белфаст бузургтарин маркази саноатӣ, иҷтимоӣ ва молию пулии Ирландияи Шимолӣ аст. Дар Белфаст корхонаҳои киштисозӣ, электротехникӣ, мошинасозӣ, самолётсозӣ, истеҳсоли матоъҳои пашмин, қолинбофӣ, нахи сунъӣ, инчунин хӯрокворӣ ва тамоку мавҷуданд. Белфаст Донишгоҳи шоҳаншоҳӣ (1845), коллеҷи технологӣ, нигористон ва театр дорад.

Адабиёт

вироиш
  • Новая российская энциклопедия. Том 3 (1). Москва, 2005.


  1. 1.0 1.1 1.2 https://www.ons.gov.uk/peoplepopulationandcommunity/populationandmigration/populationestimates/datasets/populationestimatesforukenglandandwalesscotlandandnorthernireland