Бемории вабо
Бемории вабо, холера — бемории шадиду хавфноки сироятӣ.
Бемории вабо | |
---|---|
Ихтисос | Инфектология, emergency medicine |
МКБ-9 | 001 |
---|---|
OMIM | 166600 |
DiseasesDB | 29089 |
MedlinePlus | 000303 |
eMedicine | / |
MeSH | D002771 |
Ангезандаи В. (Vibiro cholerae) вибрион ном дошта, онро соли 1883 микробиологи олмонӣ Р. Кох кашф кардааст. Вибриони В. зери таъсири нури офтоб, ҳарорати баланд (мас., ҷӯшонидан) ва беобӣ зуд маҳв мешавад; дар оби равон 3–5 ва дар наҷосат то 30 рӯз, дар ҷойи торику намнок то 2 моҳ зинда мемонад, ба таъсири маводди гандзудо (дезинфексия) ва маҳлули кислотаҳо тоб намеорад. Манбаи сироят бемор, бемори шифоёфта ва ҳомилони ангезаи Вабо мебошанд. Ангезаҳои беморӣ ба муҳит ба воситаи наҷосат ва қай хориҷ мешаванд. Ангезаҳоро хусусан ашхоси гирифтори Вабои сабук ва ниҳонӣ, инчунин магасҳо паҳн мекунанд. Ангезаи Вабо ба воситаи хӯрокворӣ, об, ҳамчунин дасти чиркин ва асбобҳои рӯзгор, ки аз наҷосат ва қайи бемор олуда гаштаанд, мегузарад. Вогириҳои Вабо тамосӣ, маишӣ, обӣ, ғизоӣ ва омехта мешаванд. Бештар вогириҳои обӣ ва обиву тамосии Вабо дучор меоянд. В. асосан тобистону тирамоҳ авҷ мегиранд. Ангезаҳои Вабо ба ҷисми одам аз роҳи узвҳои гувориш (ҳозима) ворид мешаванд. Онҳо аксаран дар меъда зери таъсири кислотаи хлорид маҳв мегарданд. Беморӣ ҳамон вақт сар мезанад, ки агар ангезаҳо аз меъда гузашта, дар рӯдаи борик ҷой гиранд ва афзоиш ёфта хориҷ шаванд. Давраи ниҳонии Вабо аз чанд соат то 5 шаборӯз (бештар 2–3 рӯз) давом мекунад. Вобаста ба зоҳир шудани аломатҳои В., ки асосан камшавии об дар бадан аст, он сабук, миёна, вазнин ва беҳад вазнин мешавад. Олими рус В. И. Покровский чаҳор дараҷаи камоб гардидани баданро муайян кардааст: дараҷаи I – об баробари 1–3 дарсади массаи бадан кам мешавад (Вабои сабук); дараҷаи II– камшавии моеот ба 4–6 дарсад мерасад (Вабои андаке вазнин); дараҷаи III – тақр. 7–9 дарсади оби андомгон кам мешавад (Вабои вазнин); дараҷаи IV– камшавии моеот 9 дарсадро ташкил мекунад (Вабои беҳад вазнин). Вабо ногаҳон авҷ гирифта, шабона ё субҳдам дар бемор хоҳиши беисти қазои ҳоҷат пайдо мешавад. Шикам дард намекунад ва тоб ҳам намедиҳад. Наҷосат аввал бетағйир буда, якҷо бо боқимондаҳои ғизо меояд. Сипас он обакии зард ва минбаъд мисли ҷӯшобаи биринҷ шуда, бӯйи моҳӣ мекунад. Бемор дар як шабонарӯз аз 3 то 10 маротиба таҳорат мешиканад, камиштиҳо ва ташна мешавад. Ҳарорати бадан муътадил, набз тез, забон хушк буда, шикам садо медиҳад. Дар сурати сабук ҷараён ёфтани беморӣ, исҳол аз чанд соат то 1–2 шабонарӯз давом мекунад (камобии дараҷаи I). Дар ҳолатҳои рӯ ба вазнинӣ овардани В. бемор дар як шаборӯз 15–20 бор ба қазои ҳоҷат меравад, қай мекунад; қай обакӣ, омехта бо талха аст (камобии дараҷаи II). Вазъи умумии бемор бад ва ӯ беҳол мешавад, ташна мемонад, даҳонаш мехушкад; мушакҳои соқи пой, каф ва панҷаи баъзе беморон раг мекашанд, пешоб кам мегардад. Ҳарорати бадан, одатан, бетағйир, пӯст бетароват, халташакл ва кабудча мешавад, луобпардаҳо хушк шуда овоз мегирад. Ҳангоми ба таъхир гузоштани муолиҷа дар тӯли чанд соат об ба 7–8 дарсади массаи бадан кам мешавад (камобии дараҷаи III). Вазъи бемор хеле бад шуда, нишонаҳои заҳролудӣ падид меоянд; тарҳи рӯй теғадор шуда, чашмон фурӯ мераванд, луобпардаҳову пӯст мехушканд, пӯсти панҷаҳо халта мезанад; фишори шараён якбора паст мешавад. Ҳарорати бадан муътадил ё аз меъёр паст мешавад (камобии дараҷаи IV). Вазъи бемор рӯ ба табоҳӣ меорад, исҳол ва қай, ки зуд-зуд рух менамуданд, кам ё батамом қатъ мегарданд, нӯги бинӣ, гӯш, лаб ва пилки чашм бунафш ё пурра сиёҳ, чеҳра теғ дода, атрофи чашм кабуд мешавад; чашмҳо дар косахонаашон нишаста ҷониби боло тоб мехӯранд, овоз гирифта аст, ҳарорати бадан 35–34°С паст мефарояд. Пӯст сард ва халтамонанд шуда, ҳангоми қабза кардан, мисли хамир то дер ҳамвор намегардад. Набз хеле суст ва нафаскашӣ номураттаб (дар 1 дақ. 40–60 бор) аст; бемор бо даҳони боз нафас мегирад. Агар муолиҷа ба таъхир афтад, бемор аз ҳуш рафта, нафасгир мешавад. Вабо барқосо низ пайдо мешавад. Он бисёр тезу тунд ҷараён мегирад, организм оби бисёр талаф медиҳад. Ин шакли Вабо хусусан барои кӯдакони то яксола хавфнок аст. Ташхиси Вабо дар давраи вогирӣ (эпидемия) чандон душвор нест. Онро ҳатто метавон фақат дар асоси аломатҳои беморӣ (клиникӣ) муайян намуд. Дар маҳалҳои вабозада беморон ва ашхоси гирифтори амрози шадиди меъдаву рӯда бояд ҳатман ошкор карда шаванд; кормандони тиббӣ ҳавлӣ ба ҳавлӣ гарданд, беморонро ба қайд гирифта, дар шифохона бистарӣ гардонанд. Доруҳое, ки барои табобати В. истифода мешаванд, мувозанати обу намакро дар организм барқарор сохта, заҳролудиро рафъ ва ангезаи бемориро маҳв менамоянд. Одатан, пас аз 15–25 дақиқаи истифодаи маҳлули намак набз ва фишори шараён рӯ ба беҳбудӣ меорад. Баъди 30–45 дақиқа дамкӯтаҳӣ рафъ, кабудии пӯст (сианоз) кам, забон тар ва овозу набз пайдо мешавад. Бо мақсади ба дигар маҳалҳо паҳн нагаштан, манбаи В.-ро зуд барҳам додан лозим аст. Солҳои 90 садаи XX ва миёнаи солҳои 2000-ум дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон ҳодисаҳои ба Вабо гирифтор шудани одамон ҷой доштанд. Дар як муддати кӯтоҳ садҳо нафар бемор гаштанд, вале бо андешидани тадбирҳои зарурӣ эпидемия пешгирӣ карда шуд. Ҳангоми пайдоиши Вабо маҳалро мамнӯъ (карантин) эълон карда, рафтуомади одамонро манъ менамоянд. Беморон, инчунин ашхоси ба бемории Вабо гумонбар, зуд дар бемористон бистарӣ ва манзили онҳо гандзудоӣ (дизенфексия) карда мешавад. Ҳомилони вибрион ва одамонеро, ки бо онҳо алоқа доштанд, дар ҷойи алоҳида бистарӣ мекунанд, манзил ва асбобу анҷоми онҳоро безарар мегардонанд. Беморони шифоёфта баъди 3 бор натиҷаи манфӣ додани таҳқиқ (кишт)-и наҷосат аз касалхона ҷавоб дода мешаванд. Онҳо ва ҳамчунин ашхосе, ки бо беморон алоқа доштанд, тӯли як сол зери назорати дармонгоҳи махсус қарор мегиранд.
Адабиёт
вироиш- Руднев Г. П. Клиника карантинных инфекций. М., 1972;
- Руководство по клинике, диагностике и лечению опасных инфекционных болезней. М., 1994;
- Камардинов Х. К., Ахмедов А. А. Холера Эль-Тор. Клиника, лечение, диагностика, диспансеризация переболевших и санация вибриононосителей. Д., 1994;
- Қамардинов Х. Қ. Бемориҳои сироятӣ. Д., 2000;
- Камардинов Х. К. Клиника опасных инфекционных болезней. Д., 2007. Ҳамон. Инфекционные и паразитарные болезни. Д., 2009.
Сарчашма
вироиш- Вабо // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.
МКБ-9 | 001 |
---|---|
OMIM | 166600 |
DiseasesDB | 29089 |
MedlinePlus | 000303 |
eMedicine | / |
MeSH | D002771 |