Бемории ғалаёни хун

Бемории ғалаёни хун, бемории гипертония, бемории фишорбаландӣ — бемории музминест, ки зимни он фишори шараён (артерия) ба таври доимӣ, вале дар марҳалаҳои аввал сари ҳар чанд вақт баланд мешавад. Дар мавриди бемории ғалаёни хун фишори баланди шараён оқибати иллатҳои дигар, масалан, бемориҳои гурда, баъзе ғадудҳои тарашшӯҳи дохилӣ ва ғайра нест, ҳол он ки фишори хун метавонад ҳангоми ин бемориҳо низ баланд гардад.

Бемории ғалаёни хун
ИхтисосFamily medicine, hypertensiology Edit this on Wikidata
Бемории ғалаёни хун
МКБ-10 I1010. - I1515.
МКБ-9 401401 - 405405
OMIM 145500
DiseasesDB 6330
MedlinePlus 000468
eMedicine med/1106 
MeSH D006973

Сабаб

вироиш

Сабаби бемории ғалаёни хун то ба охир маълум нест. Аммо омилҳое, ки онро ба вуҷуд меоваранд ва фишори шараёнро мунтазам баланд нигоҳ медоранд, маълуманд. Омили аввалин ва асосӣ ноҷӯриҳои марбут ба фаъолияти асаб аст. Дар одами гирифтори бемории ғалаёни хун аз ягон сабаби андаке ҳам аксуламали рӯҳии амиқ ва пуршиддат падид меояд (дар айни ҳол фишори шараён хеле баланд шуда, он нисбат ба фишори одами солим бештар давом мекунад).

Ба рушди бемории ғалаёни хун омилҳои танзими хилти (гуморави)-и фишори хун низ мусоидат менамоянд. Дар танзими ин ҳолат аҳаммияти гурда калон аст. Дар натиҷаи тағйироте, ки ҳангоми бемории ғалёни хун дар фаъолияти гурда ба амал меояд, омили хилтӣ дар марҳалаи аввали беморӣ ба фаъолият пардохта, бо мурури вақт саҳми он дар кори ба дараҷаи баланд нигоҳ доштани фишори шараён меафзояд. Бар хилофи омилҳои марбут ба асаб таъсироти хилтӣ дар танзими фишори шараён тағйироти нисбатан тӯлониро ба вуҷуд меоварад ва дар натиҷа фишорбаландӣ устувор мегардад.

Рушди бемории ғалаёни хунро боздоштан ва ҳатто қафо задан мумкин аст. Бо роҳи хилтӣ баланд шудани фишори шараён ба бозмондани хлориди натрий (намаки ош) дар организм вобастагӣ дорад, чунки ҳангоми Бемории ғалаёни хун ихроҷи намак ба воситаи гурдаҳо (бо пешоб) аз организм суст мешавад. Агар барзиёдии намак бартараф карда шавад, фишори хун ба эътидол меояд.

Пешгирӣ

вироиш

Барои пешгирии инкишофи бемории ғалаёни хун бояд шиддати таассуроти асабию рӯҳиро паст кард. Дар ин бобат фаъолияти хуби ҷисмонӣ кумак мерасонад. Ҳаракати фаъоли аз ҷиҳати суръату давомот оқилона, хусусан сайругашт дар ҳавои тоза, варзиши сабук ва кори ҷисмонии зӯррас метавонанд ноҷӯриҳои ҳаётии ҳаррӯзаро иваз кунанд. Аз истироҳат дар назди телевизор ва бозиҳои диққатталаб (шоҳмот, бозиҳои компютерӣ) ҳатталимкон худдорӣ кардан лозим аст.

Баъзан фақат кам кардани вазни зиёдатӣ низ кифоя аст то бидуни истеъмоли дору фишори шараён муътадил гардад. Зеро бо нест шудани бофтаҳои равғании зиёдатӣ шабакаи хунрагҳои хурд, ки пештар вуҷуд надошту акнун бо мурури афзоиши бофтаҳои равғанӣ афзудааст, барҳам мехӯрад. Ҷамъ гаштани бофтаҳои равғанӣ ба ҷисм на фақат гаронӣ меоварад, балки дилро маҷбур месозад, ки зери фишори баланди рагҳои хунгард кор кунад.

Ҳар шахс метавонад бидуни истифодаи дору бемории ғалаёни хунро пешгирӣ намояд. Барои ин ҳаракати фаъол, ғизои камкалория ва камнамак зарур аст. Дар мавриди бемории ғалаёни хун худмуолиҷа ҳаргиз раво нест. Муолиҷаи бемории ғалаёни хун бояд солҳо муттасил давом ёбад. Бе иҷозати духтур қатъ намудани табобат ба буҳрони маризӣ, яъне тезу тунд шудани зуҳуроти асосии беморӣ ва хеле баланд гаштани фишори хун сабаб мешавад.

Дар сурати ногаҳон бад шудани вазъи бемор духтурро даъват карда, то омадани ӯ беморро ба ҳолати нимхез дар бистар ё курсии муносиб мешинонанд, ба кафу соқи пояш гармкунак, хардалкоғаз мегузоранд, ё бо кӯрпа мепечонанд, корвалол ё валокордин (30-35 қатра дар як бор) хӯронида, доруеро, ки истеъмол мекард, медиҳанд. Агар дар байни шона дард пайдо шавад, зуд ба зери забон нитроглитсерин мепартоянд.
Ҳангоми муолиҷаи бемории ғалаёни хун бояд фишори шараён дар дараҷаи барои бемор мувофиқ нигоҳ дошта, ҳатталимкон баланд ва ҳамчунин зуд паст шудани он пешгирӣ карда шавад. Аз ҳад зиёд паст кардани фишор зарурат надорад, чунки дар ин ҳол мағзи сар, мушакҳои дил ва гурда бо хун хуб таъмин намегарданд. Худсарона истифода бурдани доруҳои фишорфароре, ки зуд ва сахт таъсир мерасонанд, қатъиян манъ аст.
Олимони тоҷик муқаррар карданд, ки авҷи бемории ғалаёни хун ва оризаҳои вазнини он (сактаи дил, сактаи майна) ба обу ҳаво низ вобастагӣ дорад. бемории ғалаёни хун бештар дар фаслҳои баҳору тирамоҳ авҷ мегирад, ки эҳтимол сабаби он тағйир ёфтани фишори барометрӣ ва бориши зиёд бошад. Дар моҳҳои тобистон бемории ғалаёни хун нисбатан кам дучор меояд.
Тадбирҳои пешгирии бемории ғалаёни хун ва тавсияҳое, ки барои беморон дода мешаванд, мушобеҳи якдигаранд. Онҳоро бояд ҳар нафаре, ки ҳангоми муоина дар ӯ фишори баланди хун ошкор карда шудааст, риоя кунад. Чораҳои пешгирӣ махсусан барои ашхосе (аксаран ҷавонон) зарур аст, ки ба бемории ғалаёни хун майли ирсӣ доранд.

Адабиёт

вироиш
  • Ланг Г. Ф. Гипертоническая болезнь. Ленинград, 1960;
  • Мансуров Х. Х. Портальная гипертония. Душанбе, 1963;
  • Хамидов Н. Х. Артериальные гипертонии в старших возрастах. Душанбе, 1985;
  • Хамидов Н. Х. Биохимические факторы риска атеросклероза и артериальной гипертонии у лиц пожилого и старческого возраста. Душанбе, 2000;
  • Мансуров Х. Х. Болезни сосудов печени и портальная гипертензия. Душанбе, 2005.