Бемориҳои зуҳравӣ, бемориҳои ҷимоъӣ, бемориҳои таносулӣ, бемориҳои муқорибатӣ, бемориҳои омезишӣ — касалиҳое, ки асосан бо роҳи алоқаи ҷинсӣ интиқол меёбанд. Ба бемориҳои зуҳравӣ сифилис, сӯзок, оташак, трихомоноз, ВИЧ/СПИД, гепатитҳои вирусӣ, лимфогранулемаи қадкашак, гранулемаи зуҳравӣ ва ғайра мансубанд.

Бемориҳои омезишӣ
Бемории сироятӣ
ИхтисосИнфектология Edit this on Wikidata
Бемориҳои зуҳравӣ
МКБ-10 A6464.
МКБ-9 099.9099.9
DiseasesDB 27130
eMedicine / 
MeSH D012749

Таърих

вироиш

Бемориҳои зуҳравӣ аз давраҳои қадим маълуманд. Маълумоти аввалин оид ба онҳо 2500 сол муқаддам вуҷуд доштанд; нишонаҳои сӯзок дар асарҳои табибони барҷастаи атиқа Буқрот (асри 4 то милод), А. Селс (асри 1 милодӣ), Ҷолинус (асри 2 милодӣ), Абуалии Сино тасвир ёфтаанд. Таҳқиқи ангезандаи бемориҳои зуҳравӣ то охири садаи XIX бенатиҷа монд. Бисёр олимон бемориҳои зуҳравиро шаклҳои гуногуни як беморӣ мепиндоштанд. Соли 1879 духтури немис А. Нейсер ангезандаи сӯзок, соли 1889 духтури итолиёӣ П. Феррари басиллаи оташак, соли 1905 олимони немис Ф. Шаудин ва Е. Гоффман ангезандаи сифилис (трепонемаи сафедча)-ро кашф намуданд.

Вазниншавӣ

вироиш

Бо вуҷуди комёбиҳои назарраси тиб бемориҳои зуҳравӣ то имрӯз дар ҳама ҷо паҳн шуда, яке аз мушкилоти асосии иҷтимоию ахлоқӣ гаштаанд. Бемориҳои зуҳравӣ барои саломатии бемор ва ҷамъият хатарнок мебошанд. Онҳо зуд паҳн шуда, ба насл таъсири номатлуб мерасонанд. Бенаслии занон ва мардҳо аксар натиҷаи сӯзок ё оризаи он аст. Дар кишварҳое, ки сифилис бағоят вусъат ёфтааст, он яке аз сабабҳои асосии фавти аҳолӣ буда, аз насл ба насл мегузарад, кӯдакони ноқис таваллуд меёбанд. Бемориҳои зуҳравӣ боиси нобиноӣ (аз сӯзок) ва карии модарзодӣ (аз сифилис) гашта, дар натиҷа кӯдакон гунг ба дунё меоянд.

Пайдовашӣ

вироиш

Сабаби асосии густариш ёфтани бемориҳои зуҳравӣ алоқаи ҷинсии бетартиб аст. Падару модар ва рафиқон дар тарбияи ҷинсии кӯдак мавқеи муҳим доранд. Бемориҳои зуҳравӣ бештар дар байни ҷавононе вомехӯрад, ки волидайни онҳо нисбат ба ҳамдигар бевафоӣ мекунанд, ба тарбияи кӯдакон диққати зарурӣ намедиҳанд. Майзадагӣ ҳам яке аз сабабҳои асосии бадахлоқии ҷинсӣ мебошад. Мастӣ ба алоқаи ҷинсии тасодуфӣ роҳ мекушояд, одамро ба зоҳир намудани рафтори беҳаёона водор месозад, оиларо вайрон мекунад. Алоқаи ҷинсии бармаҳал ва бетартиб, ки боиси Бемориҳои зуҳравӣ мегардад, ба акселератсия марбут дониста мешавад. Барои он ки дар наврасон ҳисси шаҳват бармаҳал пайдо нагардад, онҳоро бо василаҳои гуногуни истироҳати маданӣ, хусусан ба корҳои ҷамъиятӣ, варзиш, рассомӣ, мусиқӣ ва театр ҷалб намудан аҳаммияти калон дорад.

Дар Тоҷикистон

вироиш

Дар ҷумҳурӣ барои барҳам додани бемориҳои зуҳравӣ тадбирҳои махсуси тиббӣ меандешанд. Ба тарбияи ҷинсӣ ва ахлоқии ҷавонон диққати ҷиддӣ дода мешавад. Шабакаи васеи диспансерҳои бемориҳои пӯст ва ҷимоӣ мавҷуданд, ки ба воситаҳои ҳозираи пешгирӣ ва ташхису табобат муҷаҳҳаз мебошанд. Онҳо беморонро ба қайд гирифта, ҳатман табобат ва манбаъҳои бемориро ошкор мекунанд (фақат баъди пурра сиҳат шудан, онҳоро аз қайд мебароранд). Сирри бемороне, ки барои муолиҷа ё пешгирии Бемориҳои зуҳравӣ ба духтур муроҷиат намудаанд, ошкор карда намешавад (номи бемориро дар варақаи беморӣ наменависанд). Вале агар рафтори бемор ба атрофиён хавфнок бошад ва ӯ тавсияҳои духтурро иҷро накунад ё аз табобат сар кашад, дар он сурат ин шарт риоя намегардад.

Ҷавобгарӣ

вироиш

Дар қонунгузории ҷиноятӣ барои ошкоро паҳн кардани Бемориҳои зуҳравӣ ҷазо пешбинӣ шудааст. Масоли, мувофиқи моддаи 126 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (сироят кардан ба касалии зуҳравӣ) агар шахс ба бемориҳои зӯҳравӣ гирифтор буданашро дониста бемориашро ба шахси дигар гузаронад, «Бо ҷарима ба андозаи аз дусад то панҷсад маоши ҳадди ақал ё корҳои ислоҳӣ ба муддати аз як то ду сол ҷазо дода мешавад. Ҳамин кирдор агар нисбати ду ва зиёда ашхос, нисбати шахси баръало ноболиғ содир шуда бошад, бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то ҳафсад маоши ҳадди ақал ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад».

Адабиёт

вироиш
  • Зоиров П. Т. Сифилис. Душанбе, 1998;
  • Зоиров П. Т. Синдромы и симптомы в дермато-венерологии. Душанбе, 2002;
  • Зоиров П. Т. Венерические болезни. Душанбе, 2005;

Сарчашма

вироиш