Беморӣ ё маризӣ (лотинӣ: morbus) — ба ноҳинҷорӣ дар бадан ва равон мегӯянд, ки ба иллати нороҳатӣ, ихтилоли амалкард ё таниш дар бемор ё сайри афроди муртабит бо ӯ эҷод мегардад. Албатта бояд миёни беморӣ ва сайри ҳолатҳои пизишкӣ монанди хастагӣ, заъифӣ, касолат ва андӯҳ тафовут гузошт[1].

Духтари бемор (Den syge pige) рассом, Анкер Микаэл (соли 1882)
Духтари бемор (Den syge pige) рассом, Анкер Микаэл (соли 1882)

Омилҳои беморизо

вироиш

Одам аз таъсири омилҳои ба организм зарарнок (омили касалиовар) бемор мегардад (агар таъсири онҳо аз имкониятҳои муҳофизӣ ё талофии организм зӯртар бошад). Барои пайдоиши беморӣ як маротиба таъсир расондани омили беморизо (масалан, зарбу лат, заҳролудӣ) кифоя аст. Аз таъсири дуру дарози омилҳои мазкур (масалан, муттасил вайрон кардани тартиби тағзия боиси дарди меъдаю рӯда, пурхӯрӣ боиси ихтилоли мубодилаи моддаҳо ва фарбеҳӣ мегардад) низ кас бемор мешавад. Нуқси инкишоф ё нуқси ирсӣ (ниг. Бемориҳои ирсӣ) низ сабаби беморӣ мегардад.
Омили беморизо баробари ба организм зарар расонидан, аксуламали муҳофизатӣ ва мутобиқати онро ба кор медарорад. Яъне беморӣ одатан ду протсесси дорои робитаи мутақобил — осеб ва муҳофизатро дарбар мегирад. масалан, ҳангоми илтиҳоб ҳам бофтаҳо иллат меёбанд ва ҳам дар манбаи илтиҳоб заҳри бактерияҳо ҷамъ омада, ин мавзеъ бо хун ниҳоят хуб таъмин мешавад, фаъолияти ҳуҷайраҳо афзуда, бофтаи иллатиро аз маҳсули таҷзия тоза мекунад, баҳри зуд барқарор шудани он ёрӣ мерасонад. Дард бонги иллат аст. Аз тарафи дигар, таассури мутобиқати аз ҳад зиёд метавонад ҷараёни бемориро вазнин гардонад. масалан, ҳангоми қай ва исҳол моддаҳои зарарнок ва заҳролуд аз меъда ва рӯда мераванд ва бо ҳамин сабаб организм ба об мӯҳтоҷ гардида, дарди сахт метавонад боиси шок шавад.
Ҳар беморӣ ихтилоли фаъолияти организм аст. Зуҳуроти он аксар вақт дар як узв ё силсилаи узвҳо ба мушоҳида мерасад. масалан, захми меъда як зуҳур бошад ҳам, сарчашмаи он ихтилоли хун ва решмараз буда, аслан оқибат халал ёфтани кори силсилаи асабҳост (бинобар ихтилол ва эмотсияҳои манфӣ, изтироби рӯҳӣ ё ҷисмонӣ). Ғаму андӯҳ, тарзи ҳаёти номураттаб, вайрон кардани тартиби меҳнату истироҳат, тағзия ва қоидаҳои беҳдошти шахсӣ, ҳамчунин тамокукашӣ ва майпарастӣ, ки организмро заиф сохта, мубодилаи моддаҳо ва фаъолияти силсилаи асабро вайрон мекунанд, оқибат беморӣ меоранд. Ҳар гуна осеби ҷузъӣ низ боиси ин ё он иллат мегардад, аз ин рӯ беҳдошти тандурустӣ ба омодагии тамоми неруи организм вобаста аст. масалан, дар аснои иллати фасодноки ҷузъӣ — думбал, пучак, ва ҳафтпӯст, одатан, зуҳуроти умумӣ (баланд гаштани ҳарорати бадан, таб, камиштиҳоӣ, сустӣ ва ғайра) мушоҳида мешаванд.
Сабабҳои пайдоиши бемориҳо гуногун мебошанд. Беморӣ метавонад аз таъсири як ё чанд омил ба вуҷуд ояд. масалан, бемориҳои сироятӣ ва паразитӣ дар натиҷаи ба организм таъсир кардани бактерияҳо, вирусҳо, занбӯруғҳои микроскопӣ, кирмҳои бемориангез ва ғайра инкишоф меёбанд. Ҳар як бемории сироятӣ ангезандаи муайян дорад. Аммо бисёр микроорганизмҳо дар организмҳое, ки неруи муҳофизиашон суст аст, инкишоф ёфта, боиси беморӣ мешаванд. Бисёр иллатҳо бо сабабҳои гуногун сар мезананд. масалан, газаки меъда (илтиҳоби пардаи луобии меъда) дар натиҷаи дуру дароз вайрон кардани тартиби истеъмоли хӯрок, сӯиистеъмоли нӯшокиҳои спиртдор, тамокукашӣ, ихтилоли мубодилаи моддаҳо ва ғайра инкишоф меёбад. Вазъи организм, имкониятҳои муқобилат ва мутобиқати он низ ба пайдоиш ва ҷараёни беморӣ мусоидат менамоянд. Масалан, аз таъсири омили беморизо агар як шахс бемор шавад, пас шахси дигар бемор нашуданаш мумкин. Ё ҳамон як бемориро ҳар кас ба таври гуногун паси сар мекунад.

Таснифоти бемориҳо

вироиш

Бемориҳо шадид, шадидмонанд ва музмин мешаванд. Инкишофу ҷараёни бемории шадид чор давра дорад:

  • ниҳонӣ
  • оғоз
  • авҷ
  • хотима.

Давраи ниҳонӣ (дар бемориҳои сироятӣ давраи инкубатсия) муддатест аз лаҳзаи таъсири омили бемориовар то пайдоиши нишонаҳои аввалини клиникии беморӣ Давраи оғози беморӣ муддатест аз падидоии нишонаҳои аввалини клиникии беморӣ то пурра инкишоф ёфтани аломатҳои он. Дар ин давра аломатҳои умумии бисёр беморӣ (дарди сар, вараҷа, табларза, беҳолӣ ва ғайра) мушоҳида мешаванд; аломатҳои хоси беморӣ дертар, яъне дар давраи авҷи беморӣ зоҳир мегарданд. Дар давраи оғози беморӣ ташхиси аломатҳои хоси он номумкин аст. Дар давраи авҷи беморӣ аломатҳои хос падид меоянд. Вале баъзан онҳо чандон аён нестанд (шакли мубҳами касалӣ) ё пурра инкишоф наёфта, нест мешаванд (шакли нотамом). Агар ба беморӣ ягон ориза (оқибати ногувори бемории асосӣ) ҳамроҳ шавад, пас ҷараёни он метавонад тағйир ёбад. Давраи хотимаи беморӣ зуд, ногаҳон (ё бӯҳрон) ва тадриҷан мегузарад. Беморӣ пурра ё нимкора шифо меёбад. Тағйироти ҷиддии ягон узв ё силсилаи узвҳо ба он оварда мерасонад, ки маризӣ шакли музмин гирад. Ҳангоми шифои комил фаъолияти мӯътадили организм барқарор хоҳад шуд. Баъди бисёр бемориҳои сироятӣ организм нисбат ба онҳо масуният (иммунитет) пайдо мекунад. Гоҳо фаъолияти организм мӯътадил мегардад, вале аз баъзе иллатҳои боқимонда кори ин ё он узв ноқис мемонад (шифои нопурра). Беморӣ музмин шавад ҳам, тартиб ва табобати таъйинкардаи духтурро давом бояд дод, вагарна беморӣ боз авҷ мегирад.
Муолиҷаи саривақтӣ ва риояи қатъии таъйиноти духтур омилҳои муҳими рафъи беморӣ мебошанд. Пас, агар шахс андаке нотоб шавад, бояд ҳатман ба духтур муроҷиат намояд. Худмуолиҷа ё қатъи худсаронаи табобат хатарнок аст. Чунин беэътиноии бемор ба пайдоиши оризаҳои беморӣ ва музмин гаштани он, корношоямӣ ва марг оварда мерасонад.
Илми тиб масъалаи бемориро муштарак (комплексӣ) ҳал мекунад. Сабаб ва шароити пайдоиш (этиология), тарзи ҷараён, бемориҳои алоҳида, тариқи муҳофизат, патогенез, хусусиятҳои ҷараёни клиникӣ ва аломатҳои бемори ҳои гуногун дар якҷоягӣ омӯхта мешаванд. Дар ин асос усулҳои ташхис, табобат ва пешгирии беморӣ муайян карда хоҳанд шуд. Пешрафти тадқиқоти биологӣ, тиббӣ, клиникӣ ва ривоҷи техникаи тиббӣ ба инкишофи усулҳои ташхиси лабораторӣ мусоидат кард. Агар онҳо бо шароити пайдоиш ва хусусиятҳои ҷараёни клиникии беморӣ муқоиса нашаванд, пас аҳамияти ҳалкунандаи ташхисӣ пайдо намекунанд. Рафту ҳангоми муоинаи бемор зуҳуроти клиникии беморӣ ба шикоятҳои ӯ мувофиқ наоянд ва усулҳои асосии тадқиқот (муоина, таҳлили хун, пешоб, тадқиқи рентгенологӣ ва ғайра) маълумоти кофӣ надиҳанд, дар он сурат таҳлил ё усулҳои ташхиси амалӣ ниҳоят заруранд.

Нақшаи табобати ҳар бемор алоҳида аст. Духтур ҳангоми табобат хусусиятҳои фардии инкишоф ва ҳолати организми бемор, бемориҳои аз сар гузаронида, шароити меҳнат ва зиндагии ӯро ба назар мегирад. ӯ ба ду маризи бемориашон якхела доруҳои гуногун таъйин мекунад, чунки агар як дору ба як бемор шифо бахшад, ба бемори дигар метавонад зарар оварад. Пас, худмуолиҷа хатарнок аст. Духтур доруеро таъйин мекунад, ки ба сабаб (табобати этиологӣ, масалан, истеъмоли доруҳои зиддибактериявӣ — ҳангоми бемориҳои сироятӣ) ва тарзи инкишофи беморӣ (муолиҷаи патогенезӣ, масалан, истеъмоли гормон ё фермент дар ҳолати норасоии он) таъсир мерасонад. Духтур инчунин давоеро мефармояд, ки нишонаҳои вазнини клиникии бемориро рафъ месозад (масалан, доруҳои рафъи дард, зидди сурфа, хобовар). Бинобар судмандии тадбирҳои ёрирасони неруи муҳофизат ва муқобилияти организм баробари табобати махсус ба мариз истеъмоли витаминҳо, хӯроки серғизо ва ғайраро низ мефармоянд. Духтур дар ҳар давраи беморӣ метавонад табобатро тағийр дода, доруҳои нав, муолиҷаи физиотерапевтӣ (ваннаҳо, барқшифоӣ, муолиҷа бо нур ва ғайра), варзиши шифоӣ, масҳ ва ғайра таъйин кунад. Табобати бисёр бемориҳо оромии рӯҳию ҷисмонии беморро талаб менамояд. Дар давраи авҷи беморӣ бистарӣ гаштан ба мақсад мувофиқ аст. Самараи табобат, хусусан дар шароити хона, ба нигоҳубини дурусти бемор (бечуну чаро иҷро кардани таъйиноти духтур) вобастагӣ дорад (ниг. Нигоҳубини бемор).
Агар як аъзои оила бемор шавад, фикру зикри дигарон ба ӯ ҷалб мегардад. Бинобар ин худи мариз бояд ба шифоёбӣ кӯшад, ба вазъи худ дуруст муносибат намояд, ҳар чи зудтар ба шароити беморхона одат кунад. Муносибати дурусти аъзои оила ба бемор бисёр муҳим аст. Ҳамдардӣ, ғамхорӣ, оромӣ, ё баръакс, беписандӣ, ҳар яке аз онҳо хоса таъсире дорад. Ғамхории самимӣ беморро пуртоқат мекунад, табобатро метезонад; бепарвоӣ ё тундмизоҷии атрофиён беморро шикастадил менамояд. Муносибати хешовандон ба бемор бояд мувофиқи маслиҳати духтур бошад. Духтур вобаста ба рӯҳияи бемор тавсияи ба мақсад мувофиқ медиҳад.

Пешигирии бемориҳо

вироиш

Пешгирии бемориҳо ба шахсӣ ва ҷамъиятӣ ҷудо мешавад. Системаи давлатии ҳифзи тандурустӣ тадбирҳоеро дарбар мегирад, ки афзоиши некӯаҳволӣ, шароити бехатари меҳнат, беҳсозии шароити манзил ва зиндагонӣ, муҳофизати муҳити зист, беҳбудии санитарӣ ва ободии ҷойҳои аҳолинишин, тараққии оммавиии варзиш ва кору истироҳати меҳнаткашонро таъмин месозанд. Муҳофизати модарон ва кӯдакон зуҳуроти ғамхории хоси давлат, кафолати боэътимоди саломатии насли наврас аст. Кумаки деспансерӣ ба кормандони тиб имкон медиҳад, ки саломатии аҳолиро назорат кунанд, хуруҷи бемориҳои музмин ва инкишофи бемориҳои навро пешгирӣ намоянд.
Бо вуҷуди ин, эҳтиёт кардани саломатии худ ва аъзои оила вазифаи ҳар як шахс аст. Агар кас ғами саломатии худро нахӯрад, пас ҳама саъю кӯшиши духтурон барабас меравад. Риояи қоидаҳои беҳдошти шахсӣ, обутоби организм, машғул шудан ба варзиши бадан, пеш гирифтани тарзи ҳаёти солим, риояи тартиби меҳнат ва истироҳат, ғизои муносиб, даст кашидан аз одатҳои бад (сӯиистеъмоли нӯшокиҳои спиртдор, тамоку, бадахлоқии ҷинсӣ) — ин ҳама ба саломатӣ ва фаъолияти эҷодии ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ мусоидат мекунад.

Адабиёт

вироиш