Бенвенист Эмил (фаронсавӣ: Émile Benveniste; 27 марти 1902, Ҳалаб, Сурия — 3 марти 1976, Париж), забоншиноси фаронсавӣ.

Бенвенист, Эмил
Эмил Бенвенист
Émile Benveniste
Таърихи таваллуд 27 март 1902(1902-03-27)
Зодгоҳ Ҳалаб Сурия
Таърихи даргузашт 3 март 1976(1976-03-03) (73 сол)
Маҳалли даргузашт Порис Фаронса
Кишвар
Фазои илмӣ забоншинос,олим
Ҷойҳои кор
Алма-матер
Ҷоизаҳо

Зиндагинома

вироиш

Дар донишгоҳи Сорбонна ва дар Мактаби олии пажӯҳишҳои амалии Париж дар назди А. Мейе таҳсил кардааст. Аз соли 1937 профессор Коллеж де Франс (ба ҷойи устодаш А. Мейе мудири кафедра шуд). Аз соли 1959 то охири умр котиби илмии Ҷамъияти забоншиносони Париж буд. Бенвенист ба таҳқиқи забонҳои ҳиндуаврупоӣ (аз нуқтаи назари структурализм, ки онро яке аз равияҳои муҳим дар забоншиносӣ медонист), забоншиносии умумӣ (китоби «Масъалаҳои забоншиносии умумӣ». М.,1966; таснифи забонҳо, сохти сатҳҳои забон, сох­тори ҷумла ва ғайра), таносуби тафаккур ва забон (мақолаи «Категорияҳои тафаккур ва категорияҳои забон», 1958), семантика, робитаи забон ва маданият, синтаксис (наҳв)-и муқоисавӣ ва ғайра машғул шудааст.
Аксар пажӯҳишҳои Бенвенист ба масъалаҳои забонҳои гурӯҳи эронии ҳиндуориёӣ, Авесто, осори адабиёти паҳлавӣ (форсии миёна), осори буддоия бахшида шудаанд. Аз таҳлилу баррасии боби якуми «Вандидод»-и Авесто, ки дар он аз 16 кишвари Эронзамин дар замони бостон сухан меравад, Бенвенист ба хулоса омадааст, ки ватани Авесто Хуросону Мовароуннаҳр аст, чунки ҳамаи кишварҳои дар ин ҷо ном­баршуда кишварҳову шаҳрҳои ҳамин минтақаҳоянд. Бенвенист ба омӯзиши забони авестоӣ («Масдар дар Авесто». М., 1935), забони яғнобӣ («Лексикаи яғнобӣ». М., 1955), забони суғдӣ («Феъли форсии «нам» дар забони суғдӣ». М.,1967) ва ғайра низ машғул шудааст. Аз осори адабии форсии миёна Бенвенист «Дарахти асурик» ва «Ёдгори Зарирон»-ро таҳқиқ карда, ба хулоса омадааст, ки ин асарҳои манзум ба забони паҳлавии ашконӣ таълиф ва баъдан ба форсии миёна (паҳлавӣ) баргардон шудаанд. Яке аз асарҳои динии будоия – «Вессантра ҷатака»-ро (1946) бо тарҷумаву тафсир чоп кардааст. Бенвенист узви чанде аз академияҳо ва ҷамъиятҳои илмии ҷаҳон буд.

  • Масдар дар Авесто. - М., 1935;
  • Индоевропейское словообразование. - М., 1955;
  • Лексикаи яғнобӣ. - М., 1955;
  • Очерки по осетинскому языку. М., "Наука", 1965.
  • Масъалаҳои забоншиносии умумӣ. - М.,1966;
  • Феъли форсии «нам» дар забони суғдӣ. - М.,1967;
  • Общая лингвистика. М., "Прогресс".1974. Изд.3

Адабиёт

вироиш
  • Степанов Ю. С. Эмиль Бенвенист и лингвистика на пути преобразований ⁄⁄ Бенвенист Э. Общая лингвистика. - М., 1974

Сарчашма

вироиш
  1. Список профессоров Коллеж де Франс