БЕНЗИЛСЕЛЛЮЛÓЗА, эфири содаи селлюлоза ва спирти бензил, ки дар натиҷаи таъсири ҳамдигарии селлюлозаи ишқорӣ (селлюлозае, ки бо маҳлули 18%-аи NaOH кор карда шудааст) ва бензилхлорид ҳосил мешавад. Бензилселлюлоза хокаи зардтоб аст. Хосияти физикавӣ ва кимиёии он аз дараҷаи часпакиаш вобастагӣ дорад. Ба таъсири об устувор буда, ба гармӣ ва хунукӣ тоб намеоварад. Дар бисёр ҳалкунандаҳо ҳал мешавад. Аз бензилселлюлоза кабел, масолеҳи рӯйпӯш, лок, маснуоти гуногуни ба обу ишқор тобовар истеҳсол мекунанд. Маҳлули бензилселлюлозаро барои ба даст овардани зардеворӣ ва дигар коғазҳои ороишии шусташаванда низ кор мефармоянд.

Адабиёт

вироиш