Беноми муъминободӣ

Беноми муъминободӣ, беном — навъе аз ангурҳои миёнапазаки маҳаллӣ. Селексияи хал­қист.

Баргаш миё­наҳаҷми гирда, қифмонанд, панҷ­парра (чоки байни пар­раҳояш рӯякӣ), дандонадори бепашмак (баъ­зан каме пашмакдор). Гулаш модина, баъзан дуҷинса. Хӯша­аш миё­наҳаҷм (дарозиаш 18 см, бараш 12 см, вазнаш 200—240 г), махрутшакл. Ғужбаш лӯнда, сафеду сероб, таъми ангури Обаки сафедро дорад. Ғужмаш маҳин, тухмаш калон. Нимаи май гул карда, мевааш авв. июл пухта мерасад. Ҳангоми пурра пухтан, 16-22 % қанд, 3-3,5 г/л тур­шӣ дорад. Давраи нашваш 140—150 рӯз. Токаш зудсабз, соли дуюм ва сеюми шинондани кӯчаташ самар меорад. То ох. тирамоҳ 65-70 дарсади нартҳояш мерасанд. Аз ҳар га 95-120 сентнер ҳосил меғундоранд. Асосан тар мехӯ­ранд ва мураббо мепазанд. Токаш ба хушкӣ тобовар буда, ба сармо ва касалиҳои занбӯруғӣ чандон тоб надорад. Дар заминҳои лалмӣ сабзида, ҳосили хуб медиҳад. Асосан дар ноҳияи Муъминободи вил. Хатлон ва қисман дар баъзе токзорҳои Ургуту Бухорои Ӯзбекистон парвариш меёбад.

Адабиёт

вироиш
  • Ампелография СССР. Малораспространённые сорта винограда. Т. I. М., 1963;
  • Ампелография Узбекистана. Ташкент, 1984.