Бенсион Вул (русӣ: Бенцион Моисеевич Вул; 9 майи 1903, Била Тсерква, губернияи Киев, Украина — 9 апрели 1985, Маскав) — физикдони шӯравӣ, доктори илмҳои физика ва математика (1935), академики АИ ИҶШС (1972, узви вобаста аз соли 1939). Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1969).

Бенсион Вул
Таърихи таваллуд 9 (22) май 1903 ё 1903[1]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 9 апрел 1985(1985-04-09) ё 1985[1]
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Фазои илмӣ физик[1], электроникаи квонтум[d][1] ва Диэлектрик[1]
Ҷойҳои кор
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои физика ва метематика[d]
Алма-матер
Ҷоизаҳо
Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ
ордени Ленин ордени Инқилоби Октябр ордени Байрақи Сурхи Меҳнат Ордени Ситораи Сурх ордени «Нишони Фахрӣ» Медали «Барои меҳнати шуҷоатнок дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ солҳои 1941—1945»
Мукофоти ленинӣ Мукофоти сталинӣ

Зиндагинома

вироиш

Аз соли 1932 дар Институти физикаи АИ ИҶШС кор карда, дар ҳамон ҷо озмоишгоҳи физикаи нимноқилҳоро ташкил намуд. Таҳқиқоташ асосан ба физикаи диэлектрикҳо, нимноқилҳо ва электроникаи квантӣ бахшида шудаанд. Таҳти роҳбарии Бенсион Вул нахустин дар ИҶШС озмоишгоҳи асбобҳои нимноқилӣ, аз ҷумла генератори квантии нимноқилӣ (1962), диодҳо, транзисторҳо, батареяҳои офтобӣ ва лазерҳои нимноқилӣ сохта шуданд. Соли 1944 сегнетоэлектрики нав — титани барийро кашф карда, ба истифодаи амалии сегнетоэлетрикҳо ибтидо гузошт.

Ҷоизаҳо

вироиш

Дорандаи Мукофоти сталинӣ (1946), Мукофоти ленинӣ (1964). Бо 4 ордени Ленин ва дигар ордену медалҳо сарфароз гардидааст.

  • Последовательный пробой твердых диэлектриков // Журнал технической физики. Т. 2. М., 1932;
  • Физика и техника полупроводников, М., 1967.

Адабиёт

вироиш
  • Лойко Н. Н., Копаев Ю. В. Полвека в твердотельной электронике// Вестник РАН, 2003;
  • Бенцион Моисеевич Вул// Успехи физических наук. Т. 80, в. 4. М., 1963.

Сарчашма

вироиш