Бента́л (ибрӣ: הר בנטל Хар Бента́л, ар. تل الغرام‎) — кӯҳи вулканӣ дар баландиҳои Голан, дар ҳудуди Исроил, начандон дуртар аз сарҳадди Сурия [[]]воқеъ аст.

Якҷоя бо кӯҳи Авитал, ки каме дуртар аз қис­ми ҷанубиаш ҷойгир аст, силсилаи қаторкӯҳи ягонаро таш­кил медиҳад. Қуллаи нисбатан баланди кӯҳи Бентал 1171 м аз с. б. буда, дар пойгоҳи он обанбори васатӣ во­қеъ аст, ки солҳои 80 а. 20 бунёд шудааст. Ҳангоми ҷан­ги байни Сурия ва Исроил (Йом Кипур, 1973) дар шафати кӯҳи Бентал задухӯрди шадиду бузург ва ягона дар таъ­рихи Исроил ба амал омад. Кӯҳи Бентал барои Исроил нуқтаи стра­те­гии муҳим ба ҳисоб рафта, баъди ин задухӯрд водии байни кӯҳҳои Бентал ва Хермон «Водии ашк» ном гирифт. Айни ҳол водии кӯҳи Бентал сайргоҳи сайёҳон буда, аз он ҷо тамошои Сурия имконпазир аст.

Адабиёт

вироиш

Шаблон:Israel-geo-stub