Бентос
Бентос (от юн. βένθος — умқ) — маҷмӯи организмҳое, ки дар рӯй ё даруни лойқаи қаъри баҳрҳо ва ҳавзаҳои оби материкҳо зиндагӣ мекунанд.
Бентос ҳайвонӣ (зообентос) ва наботӣ (фитобентос) мешавад. Аз рӯйи тарзи зиндагӣ Бентосҳо аз ҳамдигар фарқ доранд; баъзе Бентосҳо дар рӯй ё даруни лойқаи қаъри обанбор зиндагӣ мекунанд; Бентосҳои дигар ҳаракатнок мебошанд. Тарзи ғизогирии Бентос низ гуногун аст. Баъзеи онҳо даранда буда, баъзеи диг. аз рустаниҳо ғизо мегиранд. Бентос калон (макробентос), миёна (мезобентос) ва майда (микробентос) мешавад. Ба зообентос асосан фораминиферҳо, исфанҷҳо, рӯдаковокҳо, немертинҳо, китфпойҳо, нармбаданҳо, харчангшаклҳо, сӯзанпӯстҳо, ассидияҳо, моҳиҳо ва ғ. мансубанд. Қисми зиёди зообентосҳо дар тунукобҳо ҳаёт мегузаронанд. Фитобентосҳо аз бактерияю обсабзҳо (обсабзҳои диатомӣ, сабз, ҷигарранг, сурх), баъзе рустаниҳои гулдор (зостера, филлоспадикс, руппия ва ғайра) иборатанд. Қаъри серсанги баҳрҳо аз фитобентос ғанӣ аст. Дар ҳавзаҳои оби ширин миқдори зообентос нисбат ба баҳрҳо кам мебошад (содатаринҳо, исфанҷҳо, зулукҳо, нармбаданҳо, кирмаки ҳашарот ва ғайра).
Нигаред низ
вироишЭзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Бентос // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.