Бериллий
Бериллий (лот. Beryllium), Be — унсури кимиёии гурӯҳи II ҷадвали даврии Менделеев; рақами тартибиаш 4, массаи ат. 9,01218.
4 | Бериллий
|
9,012 | |
2s2 |
Таърих
вироишБериллийро соли 1798 олими фаронсавӣ Л. Н. Воклен дар таркиби минерали берилл кашф намудааст. Бериллий филиззи сафеди хокистарранги сабук ва сахт аст, ҳарор. гудозишаш 1287°С, ҳарор. ҷӯшишаш 2770°С, зичиаш 1,816 г/см3. Б. 6•10-4%-и массаи қишри заминро дар шакли пайвастҳои гуногун ташкил медиҳад. Захираҳои калони маъдани бериллий дар Бразилия, Аргентина, Ҳиндустон ва Африқо мавҷуд мебошанд. Муҳимтарин минералҳои бериллий: берилл Al2Be3[Si6O18], хрилоберилл BeAl2O4 ва фенакит Be2SiO4.
Дар табиат
вироишДар табиат Бериллий танҳо дар шакли изотопи 9Be (100%) мавҷуд аст. Чанд изотопи сунъии радиоактиви бериллий ҳосил карда шудаанд, ки аз онҳо изотопи 7Be дар таҳқиқоти илмӣ истифода мегардад. Бериллий дар табиат дар ҳолати озод во намехӯрад. Дар пайвастҳояш дараҷаи оксидшавии +2 дорад. Дар ҳаво бо пардаи оксидӣ пӯшида мешавад, аз ин хотир занг намезанад.
Бериллий бо галогенҳо дар шароити муқаррарӣ ё ҳангоми каме гарм кардан ба реаксия медарояд. Ҳангоми гарм кардан дар ҳаво дармегирад. Бериллий хосияти амфотерӣ (дубаҳрагӣ) зоҳир мекунад. Ҳамчун унсури амфотер бо кислотаҳо ва асосҳо ба реаксия медарояд. Пардаи оксидии сатҳи бериллийро пӯшида намегузорад, ки он дар кислотаи нит-рат ҳал шавад. Агар сатҳи Б. чунин парда намедошт, обро бо ихроҷи гидроген таҷзия мекард.
Бериллий ва пайвастҳои он заҳрнок мебошанд. Баъзе пайвастҳои он дар равандҳои кимиёӣ ҳамчун катализатор истифода мешаванд. Ҳангоми сӯхтани бериллий миқдори зиёди гармӣ (то 15 ҳазор ккал/кг) ҳосил мешавад. Барои ҳамин бериллийро ба таркиби маводди сӯхти ракетаҳо илова менамоянд. Бериллий дар таркиби рустаниҳо, бофта ва устухони ҳайвонот ёфт шудааст. Б. фосфатҳои таркиби устухонро пайваст менамояд, ки дар натиҷа устухон суст ва нарм мегардад (ҳайвонот ба бемории рахит гирифтор мешавад). Б. ва хӯлаҳои онро барои истеҳсоли асбобҳои барқӣ, самолёт ва ракета истифода мебаранд. Аз хӯлаҳои никел асбобҳои ҷарроҳӣ ва сӯзанҳои доругузаронӣ месозанд. Бериллий ҳамчун манбаи тавлиди нейтронҳо низ ба кор меравад. Дар реакторҳои атомӣ Б.-ро барои суст кардани суръати ҳаракати нейтронҳо кор мефармоянд. Соли 1964 олимони тоҷик таҳти роҳбарии профессор К. Т. Порошин бериллийро дар таркиби мӯмиё пайдо намуданд.
Эзоҳ
вироиш- ↑ (2016) «Atomic weights of the elements 2013 (IUPAC Technical Report)». Pure and Applied Chemistry 88 (3): 265–91. doi:10.1515/pac-2015-0305.
- ↑ Beryllium: Beryllium(I) Hydride compound data. bernath.uwaterloo.ca. 10 Декабри 2007 санҷида шуд.
- ↑ Шаблон:RubberBible92nd
- ↑ Weast, Robert (1984). CRC, Handbook of Chemistry and Physics. Boca Raton, Florida: Chemical Rubber Company Publishing. pp. E110. ISBN 0-8493-0464-4.
Адабиёт
вироиш- Бериллий / Т. Идрисов // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.
- Популярная библиотека химических элементов. М., 1983;
- Шретер В. Химия. М., 1989;
- Идрисов Т. Кимиёи аносир (элементҳо). Д., 2004.
Ин химия мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кумак кунед. |