Берклий
Бе́рклий (Bk, лот. Berkelium) — унсури кимиёии гурӯҳи III ҷадвали даврии Менделеев; рақами тартибиаш 97, массаи ат. 247,0703. Мансуби актиноидҳост; унсури радиоактив.
![]() | |||||||||||||||||||||||||||||||||||||||
Берклий | |||||||||||||||||||||||||||||||||||||||
---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
Талаффуз | |||||||||||||||||||||||||||||||||||||||
Номи дигар | berkelium | ||||||||||||||||||||||||||||||||||||||
Намуди зоҳирӣ | нуқрагун | ||||||||||||||||||||||||||||||||||||||
Рақами массавӣ | [247] | ||||||||||||||||||||||||||||||||||||||
Берклий дар ҷадвали даврӣ | |||||||||||||||||||||||||||||||||||||||
| |||||||||||||||||||||||||||||||||||||||
Рақами атомӣ (Z) | 97 | ||||||||||||||||||||||||||||||||||||||
Гурӯҳ | n/a | ||||||||||||||||||||||||||||||||||||||
Давр | даври 7 | ||||||||||||||||||||||||||||||||||||||
Блок | f-блок | ||||||||||||||||||||||||||||||||||||||
Категорияи элемент | Актинид | ||||||||||||||||||||||||||||||||||||||
Конфигуратсияи электрон | [Rn] 5f9 7s2 | ||||||||||||||||||||||||||||||||||||||
Электронҳо аз рӯӣ ҷилд | 2, 8, 18, 32, 27, 8, 2 | ||||||||||||||||||||||||||||||||||||||
Хосиятҳои физикӣ | |||||||||||||||||||||||||||||||||||||||
Фаза дар ҲФМ | сахт | ||||||||||||||||||||||||||||||||||||||
Нуқтаи гудозиш | beta: 1259 K (986 °C, 1807 °F) | ||||||||||||||||||||||||||||||||||||||
Ҳарорати ҷӯшиш | beta: 2900 K (2627 °C, 4760 °F) | ||||||||||||||||||||||||||||||||||||||
Зичӣ (наздик ба ҳ.х.) | alpha: 14.78 гр/см3 beta: 13.25 гр/см3 | ||||||||||||||||||||||||||||||||||||||
Ҳарорати гудозиши хос | 7.92 кҶ/мол (calculated) | ||||||||||||||||||||||||||||||||||||||
Хосиятҳои атомӣ | |||||||||||||||||||||||||||||||||||||||
Дараҷаҳои оксидшавӣ | +2, +3, +4, +5[1] | ||||||||||||||||||||||||||||||||||||||
Электроманфиият | Ҷадвали Полинг: 1.3 | ||||||||||||||||||||||||||||||||||||||
Қувваҳои иондоршавӣ |
| ||||||||||||||||||||||||||||||||||||||
Радиуси атом | эмпирикӣ: 170 пм | ||||||||||||||||||||||||||||||||||||||
Хатҳои спектрии Берклий | |||||||||||||||||||||||||||||||||||||||
Дигар хосиятҳо | |||||||||||||||||||||||||||||||||||||||
Сохтори булӯрӣ | double hexagonal close-packed (dhcp) | ||||||||||||||||||||||||||||||||||||||
Гармигузаронандагӣ | 10 W/(m·K) | ||||||||||||||||||||||||||||||||||||||
Тартибории магнитӣ | парамагнетик | ||||||||||||||||||||||||||||||||||||||
Рақами CAS | 7440-40-6 | ||||||||||||||||||||||||||||||||||||||
Таърих | |||||||||||||||||||||||||||||||||||||||
Номгузорӣ | after Berkeley, California, where it was discovered | ||||||||||||||||||||||||||||||||||||||
Кашф | Лабороторияи миллӣ ба номи Лоуренс дар Беркли (1949) | ||||||||||||||||||||||||||||||||||||||
Изотопҳои асосии берклий | |||||||||||||||||||||||||||||||||||||||
| |||||||||||||||||||||||||||||||||||||||
97 | Берклий
|
247,07 | |
5f97s2 |
ТаърихВироиш
Берклийро физикдонҳои амрикоӣ Г. Сиборг, С. Томпсон ва А. Гиорсо дар Лабараторияи радиатсионии Донишгоҳи Калифорния дар асари бо алфазарраҳо бомбаборон кардани изотопи америтсий 241Am ҳосил кардаанд. Лаборатория дар шаҳраки донишҷӯёну олимон дар Беркли (иёлати Калифорния) ҷой гирифтааст. Аз ин хотир ба унсури мазкур номи «Б.»-ро доданд. Ҳашт изотопи Б. бо массаҳои аз 243 то 251 ҳосил карда шудааст, ки дарозумртарини онҳо изотопи 247Bk (давраи нимкоҳишаш 1380 сол) мебошад. Изотопи 249Bk-ро бо миқдори чанд микрограмм дар реакторҳои уран ҳосил менамоянд. Ба хотири меҳнатталаб будани истеҳсол 1 г Б. тақр. 10 млн доллар арзиш дорад. Дар натиҷаи таҷзияи ҳастаии изотопии 249Bk изотопи калифорний — 249Cf ба даст меояд. Соли 1962 Б. Каннингем ва шогирдаш Ҷ. Уолмен аввалин пайвасти Б.-BkO2-ро ҳосил ва сохти молекулавии онро му-айян намуданд. Барои гузарондани таҷриба олимон дар ихтиёр фақат 0,02 мкг Б. доштанд. Минбаъд як силсила пайвастҳои дигари Б. ҳосил карда шуданд. Миқдори бештарини Б., ки дар натиҷаи ба тавассути литий барқарор кардани фториди берклий BkF3 ҳосил шуда буд, 5 мкг-ро ташкил дод. Ҳамин тавр, имконияти муайян кардани ҳарор. гудозиши Б. (9860С) имконпазир гашт. Муқаррар карда шуд, ки Б. метавонад дар ду шакли сохтории гуногуни кристаллӣ вуҷуд дошта бошад. Барои омӯзиши хосиятҳои кимиёӣ намунаи Б.-ро андаруни найчаи шишагии хеле борик таҳти таъсири моддаҳои газшакл қарор дода, пайвастҳои гуногуни онро ҳосил намуданд. Таҳқиқи маҳлули пайвастҳои Б. нишон дод, ки дараҷаи оксидшавии устувори он +3 аст ва метавонад то дараҷаи +4 оксид шавад. Хосиятҳои кимиёии Б., аз ҷумла қобилияти ҳосил кардани пайвастҳои комплексӣ, иштирок дар равандҳои иваз ва ҷудо кардани ионҳо мавриди таҳқиқи олимон қарор дорад.
ЭзоҳВироиш
- ↑ (2018) «Pentavalent Curium, Berkelium, and Californium in Nitrate Complexes: Extending Actinide Chemistry and Oxidation States». Inorg. Chem. (American Chemical Society) 57 (15): 9453–9467. doi:10.1021/acs.inorgchem.8b01450. PMID 30040397.
- ↑ (1965) «The alpha half-life of berkelium-247; a new long-lived isomer of berkelium-248». Nuclear Physics 71 (2): 299. doi:10.1016/0029-5582(65)90719-4. Bibcode: 1965NucPh..71..299M.
АдабиётВироиш
- Популярная библиотека химических элементов. М., 1983;
- Шретер В. Химия. М., 1989;
- Идрисов Т. Химияи аносир (элементҳо). Д., 2004.
ЭзоҳВироиш
АдабиётВироиш
- Берклий / Т. Идрисов // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2017, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.