Берӯии Бухороӣ
Берӯии Бухороӣ (форсӣ: بیرویی بخارائ; асри 16) — шоири тоҷик.
Навъи фаъолият: | шоир |
---|
Зиндагинома
вироишДар Бухоро таҳсил, зиндагӣ ва эҷод кардааст. Тазкиранигор Мутрибӣ («Тазкират-уш-шуаро») иттилоъ медиҳад, ки дар хонаи Берӯии Бухороӣ шаш моҳ зиндагӣ карда, «осори кашфу каромот аз ӯ мушоҳида» намудааст. Дар анвои гуногун шеър асар меофарид. Ба «Юсуф ва Зулайхо», «Тӯҳфат-ул-Аҳрор»-и Абдурраҳмони Ҷомӣ ҷавоб гуфтааст. Ғазали зерин аз ӯст:
Лабу дандони ту аз ширу шакар дода нишон,
Аз ақиқи Яману лӯълуи тар дода нишон.
Хат ба гирди рухи зебои ту, эй рашки парӣ,
Биллаҳ аз фитнае, к-аз даври қамар дода нишон.
Ба рухи хуби ту, эй тозагули боғи мурод,
Дам ба дам ашки ман аз хуни ҷигар дода нишон.
Берӯӣ, нест аҷаб ҳар саҳаре нолаи ту,
Раҳ ба сарманзили мақсуд агар карда нишон.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Берӯии Бухороӣ // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.
- Каримов У. Адабиёти тоҷик дар асри XVI. Д., 1985;
- مطربئ سمرقندی، تذکرة الشعراء، تهران، ۱۹۹۹