Бета-коҳиш
Бета-коҳиш (β-коҳиш) коҳиши радиофаъоли ҳастаи атом, ки дар натиҷаи он ҳаста электрон ё позитрон меафканад. Ин раванд ба туфайли худ аз худ табдилёбии яке аз нуклонҳои дохилиҳастаи ба нуклони ҷинси дигар, яъне нейтрон (n) ба протон (p) ва ё баръакс, протон ба нейтрон сурат мегирад. Дар мавриди якум аз ҳаста электрон (е–) хориҷ мегардад (β–-коҳиш). Дар мавриди дуюм аз ҳаста позитрон (е+) хориҷ мешавад (β+-коҳиш). Электрону позитронҳои дар вақти бета-коҳиш хориҷашванда бета–зарраҳо номида мешаванд. Дар рафти ин табдилот боз як зарраи дигар – нейтрино (ν) (мавриди β+-коҳиш) ё антинейтрино (ν) (мавриди β–-коҳиш) пайдо мешавад (дар натиҷаи таҳқиқоти β-коҳиш нейтрино ва антинейтрино кашф ва мавҷудияташон тасдиқ карда шуд):
Ҳангоми β–-коҳиш адади протонҳо (Z) дар ҳаста якто зиёд, адади нейтронҳо бошад, якто кам мешавад. Адади массавии ҳаста (А) тағйир намеёбад, зеро он ба адади умумии нуклонҳо дар ҳаста баробар аст. Ҳастаи маҳсул дар ҷадвали даврии Менделеев аз тарафи рости ҳастаи аввала ҷой мегирад. Баръакс, дар раванди β+-коҳиш адади нейтронҳо якто зиёд мешавад ва ҳастаи маҳсул аз тарафи чапи ҳастаи аввала ҷой мегирад. Табдилёбии протон ба нейтрон дар дохили ҳаста ҳангоми яке аз электронҳои К-қабати ба ҳаста наздиктаринро забт намудани протон (К-забт) низ ба амал меояд ва ҳаста дар ҷадвали даврии Менделеев як хона ба тарафи чап мекӯчад. Вақти аз протон ва нейтрон иборат будани ҳастаи атом равандҳои коҳиш як унсурро ба унсури дигар табдил медиҳанд, мас.:
Алҳол қариб 1500 изотопҳои β-радиофаъол маълуманд, ки даври нимкоҳиши онҳо аз 2,5•10–2 с (512B) то ~4•1012 солро (75187Re) ташкил медиҳад. Дар вақти бета-коҳиш вайроншавии қонуни бақои ҷуфтият ҷой дорад, ки дар асcимметрияи самти ҳаракати электрони аз ҳаста афканда дар фазо зоҳир мегардад: дар самти спини ҳаста назар ба самти муқобил камтар электрон афканда мешавад.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Бета-коҳиш / Ф. Нормуродов // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.