Бетпак-Дала
Бетпа́к-Дала́, (қаз.: Бетпақдала, туркӣ бадпак – шибарзамин ва дала – дашт) — биёбон дар Қазоқистон.
Аз ғарб ба шарқ ба масоҳат 400 км, дар байни пастхамиҳои дарёҳои Сарису, Чу ва кӯли Балхаш доман густардааст. Масоҳ. қариб 75 ҳазор км2. Баландии даштҳои нишеби ноҳамвор аз с. б. ба ҳисоби миёна 300–350 м (ҷойи аз ҳама баландаш–кӯҳи Ҷамбул, 972 м). Қисми ғарбиаш бо қабати таҳшинҳои мезозойӣ ва палеогенӣ пӯшида шуда, қисми шарқии он аз ҷинсҳои санги хоро ва ҷинсҳои таҳшинии метаморфии полеозой таркиб ёфтааст.
Иқлим
вироишИқлимаш биёбонӣ ва ниҳоят хушк. Боришоти солона –100–150 мм. Ҳарорати миёнаи январ –12 – 14°С, июл аз 24 то 26°С. Биёбони регзори явшонӣ, шӯрзаминҳо, кӯлҳои хурди шӯр, дараҳои ноҳамвор ва заминҳои хокашон бӯр бештар дар қисми ғарбӣ мавҷуд буда, дар шарқи он биёбони санглох ва гилнок, талу теппаҳо вомехӯранд. Бетпак-Дала аз обҳои зеризаминӣ ва заминҳои фароз бой аст. Дар сеяки масоҳ. он об бароварда шуда, зиёда аз 2 ҳазор чоҳҳои нақбӣ ва лӯладор сохта шудааст. Бетпак-Дала ҳамчун чарогоҳи баҳорию тирамоҳӣ истифода мешавад, заминҳои нав барои киштукор кушода шудаанд.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Бетпак-Дала // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.