Бефосилагӣ

саҳифаи маъноҳои Викимедиа

Бефосилагӣ — яке аз мафҳумҳои асосии математика, ки бар хилофи мафҳуми дискретӣ набудани гусастагиҳо ва тағйирёбии тадриҷиро ифода мекунад.

Бефосилагӣ бештар дар ду консепсияи математикӣ – бефосилагии маҷмӯъ ва бефосилагии инъикос (функсия) ба назар мерасад. Инъикоси якқиматаи y=f(x), ки маҷмӯи Х-ро ба маҷмӯи Y инъикос менамояд, инъикоси бефосила номида мешавад, агар аз наздикшавандагии пайдарпайии унсурҳои х1, х2,...хn-и маҷмӯи  Х ба унсури х-и ҳамин маҷмӯъ наздикшавандагии акси онҳо f(x1), f(x2),..., f(xn), ба элементи f(x)-и маҷмӯи Y ба вуқӯъ ояд. Ҳамин тариқ, таърифи бефосилагии инъикос ба тарзи муайян шудани муносибатҳои ҳудудӣ (ин ҷо  наздикшавии пайдарпайиҳо) дар маҷмӯи худи Х ва Y вобаста аст. Фикру мулоҳизаҳо доир ба бефосилагии фазо ва вақт барои муқаррар намудани мафҳумҳои илмии замонавӣ аҳаммияти калон доранд. Мисолҳои бефосилагӣ аз физика: бефосилагии ҷараёни электрикӣ, бефосилагии ҷоришавии моеъ ё газ ва ғ.

Адабиёт

вироиш