Бехудӣ ва безорӣ, бехудӣ — вазъи ошуфтаи равонӣ, ки дар натиҷаи рӯиҳамоии падидаҳо, амалияҳо ва ҳолатҳои хосси рӯҳӣ ба вуҷуд омада, дар шахс боиси бетафовутӣ ва аз даст додани қобилияти танзим ва идораи аъмолу рафтор мегардад.

Воқеият дар ҳолати бехудӣ аз тариқи худро ба дигар одамон ва ё падидаҳо монанд кардан аз сар гузаронида мешавад, ки дар шаклҳои зерин ифода меёбад:

  1. дарки бевоситаи отифӣ — эҳсосотӣ;
  2. баробарсозӣ (ҳаммонанд кардан);
  3. ҳаяҷонпазирӣ;
  4. ба ваҷҳи муштарак дар радиф қарор гирифтани зуҳуроти гуногун.

Бехудӣ дар шаклҳои номутаодил (ҳаммонанд набуда)- и гуногуне чун аффект, гипноз, хоббинӣ, воҳима, рафтори одатӣ, эҳсос ва ғ. ифода меёбад. Зуҳуроти бехудиро ба чор гурӯҳ ҷудо мекунанд:

  1. зуҳуроти берун аз фаҳм;
  2. қарина ва вазъи номафҳуми фаъолият;
  3. равишҳои иҷрои номафҳум;
  4. изҳори дарки субсенсорӣ.

Безорӣ — ҳолати отифи (эҳсосотӣ)-и шахс дар муносибат ба муҳити атроф ва одамони дигар. Безорӣ аз дидгоҳи равоншиносии муосир уқдаи рӯҳӣ ва вазъи номуътадили равонист, ки дар натиҷаи саркӯб шудани ниёзҳои фитрӣ, вуҷуди монеаҳои амалӣ ва нокомиҳои пай дар пайи шахс дар марҳалаҳои гуногуни ташаккули шахсият, рушди сохтори равонӣ ва умуман дар зери фишорҳо, сахтгириҳо ва таҳқирҳои воридгашта бар шахсияти вай ва ё бар асари камилтифотӣ ва бенавозишӣ нисбат ба вай дар муҳити хонаводагӣ ва пас аз он ба вуҷуд меояд. Муносибати нодурусти падару модар ба кӯдак, гунаҳгор донистани вай дар ҳар фаъолияте, ки анҷом медиҳад ва арҷ нагузоштан ба корҳояш яке аз омилҳои муҳимми пайдоиши уқдаи равонии безорӣ дар вай мебошад. Таъсири омилҳои фавқ дар ботини инсон ҳисси бадбинӣ ба муҳити атроф, нафрат ба ҳайати хонавода ва Б. аз он афродеро ба вуҷуд меоварад, ки аз онҳо таассуроти манфӣ бардоштааст. Ин ҳолат вақте дар фарошуур ва ботини шахс ба сурати пойдор ҷой мегирад, дар вай низоъҳои равониву изтироботи ботиниро ба вуҷуд меоварад, ваҳдати шахсияту тавозуни рӯҳиро дар вай барҳам мезанад ва ҳолати норозигӣ ё эътироз ба ҳама чиз вайро фаро мегирад. Буҳронҳои шадиди равонӣ ва уқдаҳои музмини (куҳна) рӯҳӣ ба монанди депрессия, фрустратсия ва ғ., ки аз омилҳои муҳимми пайдоиши ҳолати безорӣ дар шахс ҳастанд, дар рафтор, тарзи тафаккур, вазифаҳои ҷисмӣ ва ҳаракоти вай таъсири манфӣ расонда, дар ҳаёти иҷтимоию фардиаш пайомадҳои ногуворе ба бор меоваранд. Безорӣ дар рафтор ва гуфтори шахс ба суратҳои гуногун зоҳир мегардад: дар кӯдакон ба сурати шикастани анҷоми хона, худро ба пушт партофтан, сар ба девор задан ва меронд. ғ., дар калонсолон ба сурати пархошгарӣ, гуфтани суханҳои таҳқиромез, изҳори нороҳатӣ, асабоният, тағйири авзои равонӣ ва ғ.

Адабиёт

вироиш

Деннис Кун. Основы психологии. СПб., 2004; Новейший психологический словарь. Ростов на-Дону, احمد عزت راجیح. اصول علم 2007 نفس. اسکندریة، ۱۹۶۸.؛ عبدالستارابراهیم. الانسان و علم النفس. کویت، ۱۹۸۵.؛ عبدالعزیز بن عبدالله. الطریق الی صِحّةِ النفسیة. ریاض، ۱۹۹۹.؛ اکرم گیتئ حیدری. روانشناسئ رشد و اختلالات روانئ رائج در کودکان. تهران، ۱۳۷۲ А. Боқизода.

Сарчашма

вироиш