Бешаки зимистонӣ — навъе аз харбузаҳои дерпазак.

Давраи нашваш 95-115 рӯз. Харбузаи тухмшакл буда, ҳаҷман калон аст; вазнаш 8-12 кг, дарозиаш 35-45 см. Пӯсташ андаке чиндор, дурушт. Рангаш зард, сабзтоб, нақшҳояш сабзи тира. Доғҳои сиёҳтоби мавҷмонанд ё пароканда дорад. Мағзаш сафед (ғафсиаш 5-6 см), карсосӣ ва камоб. Баъди чанд муддати кандан мағзаш мулоим ва серобу хуштаъм мешавад. Тухмаш калони зард, паҳни дарозрӯя. Бешаки зимистонӣ беҳтарин навъи харбузаи тобовар буда, то моҳи майи соли дигар меистад. Барои ба ҷойҳои дур кашондан мувофиқ аст. Аз ҳар га 300—350 сентнер ҳосил меғундоранд. Бешаки зимистонӣ асосан барои тархӯрӣ истифода мешавад.

Нигаред низ

вироиш

Сарчашма

вироиш