Беқарорӣ (Шаблон:Lang-enla) — ҳолати равонӣ, ки дар шахс ба сурати нооромӣ ва фаъолиятҳои гуногун, тағйирёбанда ва беҳадаф зоҳир мешавад.

Беқарорӣ дар баъзе кӯдакон аз ҳамон моҳҳои аввали вилодат дар шакли нооромӣ ва рафтори гуногун мушоҳида мешавад. Тифли дучори Беқарорӣ гоҳе аз худ майли шадид ба макидани шир ва пас аз каме беқарорӣ ва нороҳатӣ нишон медиҳад ва ё дар муддати кам борҳо хандида ва бефосила гиря мекунад. Ҳаракати кӯдакони гирифтори беқарорӣ пас аз роҳгардон шудан бо шикастан ва партофтани чизҳо, пархош кардан ва ба хашм омадан ҳамроҳ аст. Дар равоншиносии муосир беқарорӣ аз гурӯҳи бемориҳои равонии зудрас дониста шудааст, ки боиси носозгориҳои иҷтимоӣ ва беруншавӣ аз меъёрҳои ахлоқ мегардад ва ин гуна кӯдакон ба бачаҳои душвортарбия дохил мешаванд.

Адабиёт

вироиш

،اکرم گیتی حیدری. روانشناسی رشد و اختلالات روانی رائج در کودکان. تهران ۱۳۶۸، ش.

Сарчашма

вироиш