Беҳзод Нормуродов
Беҳзод Нормуродов (зод. 1987) — варзишгари тоҷик. Устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ оид ба таэквон-до ва кикбоксинг (2010).
| |
Иттилоъоти инфиродӣ | |
Ҷинс | мард |
Кишвар |
![]() |
Тахассус | таэквон-до |
Таърихи даргузашт | 1987 |
Зиндагинома
вироишХатмкардаи Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Тоҷикистон (2014). Дар Чемпионати ҷаҳон (Тошканд, 2006) ҷойи сеюм ва медали биринҷӣ, Чемпионати ҷаҳон (Санкт-Петербург, 2009) ҷойи дуюм ва медали нуқра, Чемпионати Осиё (Алмаато, 2010) ҷойи якум ва медали тило, Чемпионати ҷаҳон байни калонсолон (Кореяи Шимолӣ, 2011) ҷойи сеюм ва медали биринҷӣ, Чемпионати Осиё (шаҳри Душанбе) ҷойи сеюм ва медали биринҷӣ, Чемпионати ҷаҳон оид ба кинбоксинг (Ялтаи Украина, 2012) ҷойи дуюм ва медали нуқра, Ҷоми ҷаҳонии кикбоксинг (Австрия, 2013) ду медали тило ва як биринҷӣ, Чемпионати ҷаҳон (Софияи Булғория, 2013) ҷойи сеюм ва медали биринҷӣ, Чемпионати Осиё оид ба таэквон-до (Катмандуи Непал, 2014) ҷойи якум ва медали тилоро соҳиб шудааст. Айни замон (2014) ҳамчун мураббӣ дар Федератсияи таэкван-до ва кикбоксинги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тарбияи шогирдон машғул аст.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Нормуродов Беҳзод // Донишномаи Душанбе. — Д.: СИЭМТ, 2016. — С. 480. — 732 с. — ISBN 978-99947-33-89-7.