Беҳсутун
Бесутун (форсӣ: بیستون), Беҳсутун (Заҳируддавла Абумансур ибни Вушмгир ибни Зиёр ибни Вардоншоҳ; ? — 977) — севумин амири оли Зиёр.
967 — 978 | |
Пешгузашта | Вушмгир |
Ҷонишин | Қобус ибни Вушмагир |
Таваллуд | асри X |
Даргузашт |
феврали 978 ё марти 978 |
Падар | Вушмгир |
Ҳукмронӣ
вироишПас аз даргузашти падараш Вушмгир с. 968 ба тахти аморат нишаст, аммо бародари хурдиаш Қобус ҳам даъвои тахту тоҷ намуд. Б. барои ҳифзи қудрат ба оли Бӯя пайваст ва бо амири ин хонадон Рукнуддавла дӯстӣ барқарор намуд. Бо ёрии ӯ Б. тавонист ҳокимияташро дар Гургон, Табаристон, Чолус, Рӯён мустаҳкам намуда, аз халифаи Аббосиён Мутеъ (хилофаташ солҳои 946-74) лақаби «Зоҳируддавла»-ро дарёфт намуд. Пас аз издивоҷ бо духтари Азудуддавлаи Дайламӣ Б. мавқеашро боз ҳам мустаҳкам сохт. Аз сиккаҳои солҳои 967-76 дар Гургон зарб кардашуда бармеояд, ки Қобус муддате ҷойнишини Б. будааст.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- قدیان عباس، فرهنگ فشردۀ تاریخ ایران، تهران، ۱۹۹۷ دانشنامه جهان اسلام. ج ۵. تهران، ۲۰۰۰؛
- گردیزی. زین الاخبار. تهران، ۱۹۸۴.
Сарчашма
вироиш- Бесутун / Қ. Расулиён // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.