Беҳтаринҳои футболи Тоҷикистон дар соли 2006

Беҳтаринҳои футболи Тоҷикистон дар соли 2006

Хуршед Маҳмудов, узви дастаи «Регар-ТадАЗ»Турсунзода ва тими миллии футболи Тоҷикистон беҳтарин бозигари ин кишвар дар соли 2006 эътироф гаштааст.

Беҳтарин футболбозон, мураббиён ва доварони солро Федеросиюни футболи Тоҷикистон муайян кардааст.

Аслиддин Ҳабибуллоев, аз тими «Вахш»Қӯрғонтеппа беҳтарин дарвозабон, Ҷамолиддин Оев, аз тими «ХИМА»-и Душанбе беҳтарин ҳимоятгар, Нӯъмонҷон Ҳакимов, аз дастаи «Парвоз»Бобоҷон Ғафуров беҳтарин ҳамлагар дониста шуданд.

Фозил Сатторов, аз тими «Тоҷиктелеком»-и Қӯрғонтеппа, ки 20 гол ба самар расондааст, беҳтарин нишонзан миёни бозигарони лигаи олии футболи Тоҷикистон гардид.

Пӯлод Қодиров, сармураббии дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон, Шариф Назаров, собиқ сармураббии тими мунтахаби миллии кишвар ва сармураббии дастаи «ХИМА»Душанбе, Маҳмадҷон Ҳабибуллоев, сармураббии «Регар ТадАЗ»Турсунзода беҳтарин мураббиёни сол эътироф шуданд.

Ориф Ҷӯраев ва Алишер Қараев беҳтарин доварон ва Достон Мамиров, аз ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд беҳтарин мураббии кӯдакону наврасон дониста шуданд.

Федеросиюни футболи Тоҷикистон, ҳамчунин беҳтаринҳоро дар риштаи футзал муайян кардааст.

Миралӣ Шарифов, аз дастаи «ХИМА»-и Душанбе беҳтарин дарвозабон, Фирдавс Файзуллоев, аз тими «Вавилон» -и Душанбе ва Шерзод Ҷумъаев, аз дастаи «Телеком технолоҷӣ»- и Душанбе беҳтарин бозигарон ва Комил Бобоев, аз дастаи «ХИМА» беҳтарин мураббӣ дар риштаи футзал эълом шуданд.

Нигаред

вироиш

Портал:Футбол

Пайвандҳо

вироиш

Беҳтаринҳои футболи Тоҷикистон дар соли 2006 Бойгонӣ шудааст 29 сентябри 2007  сол.