Бидгошч
Бидгошч (лаҳӣ: Bydgoszcz), Бромберг (олмонӣ: Bromberg) — шаҳр дар Лаҳистон, маркази маъмурии воеводаи Куявско-Поморск. Бандар дар соҳили дарёҳои Брда ва Нотетс.
Шаҳр | |||||
---|---|---|---|---|---|
лаҳӣ: Bydgoszcz лаҳӣ: Bydgoszcz | |||||
![]() | |||||
|
|||||
Координатаҳо | 53°07′ с. ш. 18°00′ в. д.HGЯO | ||||
Роҳбар | Rafał Bruski[d] | ||||
Номи қавмӣ | бидгошчи, бидгошче | ||||
Коди телефон | 52 | ||||
ИқтисодВироиш
Маркази муҳимми нақлиётӣ буда, роҳи оҳани Варшава – Берлин ба воситаи Б. мегузарад. Аҳолиаш 363,9 ҳазор нафар (2011). Б. маркази бузурги иқтисодӣ, саноатӣ ва яке аз шаҳрҳои босуръат тараққикунандаи мамлакат аст. Соҳаи асосии саноаташ: мошинасозӣ (истеҳсоли таҷҳизоти электротехникӣ, телефон, таҷҳизот барои системаҳои телекоммуникатсия ва текнолоҷи). Дар Б. яке аз з-дҳои калонтарини таъмири роҳи оҳани сайёр мавҷуд аст. Саноати коркарди филиззот, чӯб, кимиё, чарму пойафзор ва хӯрокворӣ ривоҷ ёфтааст. Б. дар садаи XII маъмул буд ва дар садаи XIII аз тарафи салибдорон истило гардид. Ҳамчун шаҳр соли 1346 бунёд ёфтааст. Дар асрҳои 15–16 маркази калони тиҷорати ғалла ва намак буда, солҳои 1772–1920 дар ҳайати Пруси қарор дошт (бо номи Бромберг). Дар солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ (1939–45) хароб гардид. Айни замон дар Б. зиёда аз 10 бонк, биржаи тиҷорат, ширкатҳои суғурта фаъолият доранд.
Ёдгориҳои меъморӣВироиш
Калисои ҷомеи Мартин ва Миколаи Муқаддас (1466–1502), анбори ғаллаи аз чӯб сохташуда (асрҳои 18–19). Иншооти муҳандисии Канали Бидгошч (асри 18) ва ғ. Театри опера, драма, оперета, филармони, Осорхонаи ба номи Леон Вигулски, нигористони рассомӣ дорад.
Маориф ва фарҳангВироиш
Дар Б. инчунин Донишгоҳи ба номи Казимири Бузург, Донишгоҳи текнолоҷи ва илм, консерватори, академи мусиқӣ, донишгоҳи колеги тибӣ, донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва фарҳанг, клуби футболи «Завиша Бидгошч», дастаи футболи занонаи «Бидгошч» мавҷуданд.
ЭзоҳВироиш
СарчашмаВироиш
- Бидгошч // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2021, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.