Бидпой (с. тав. ва ваф. номаълум) — ҳакими донишманд, файласуф, бараҳмани афсонавии ҳиндӣ.

Бидпой

Зиндагинома

вироиш

Дар замони дар Ҳиндустон ба миён омадани китоби «Калила ва Димна», тақрибан то садаи V зиндагӣ мекардааст. Номи ин шахс дар муқаддимаи тарҷумаи арабии «Калила ва Димна»-и мутааллиқ ба Ибни Муқаффаъ Бидпой (Байдаба) — файласуф ва вазир буд, ки дар дарбори Добшилим ном шоҳе хидмат мекард. Бо вуҷуди он ки дар хидмат содиқ буд, боре ба ғазаби шоҳ гирифтор шуд ва ба зиндон афтод. Пас аз муддате шоҳ аз кардааш пушаймон шуда, барои пешбурди кори давлатдорӣ ва муносибати оқилона ба ривоятӣ ба Бидпой фармоиш дод китобе дар ин бобат нависад. Бидпой ҳамроҳи шогирде китоби панду андарзҳо, масалҳо офарид, ки қаҳрамонони он ҳайвоноти аҳлию ваҳшӣ ва парандагон буданд. Ин китоб дар зоҳир ҳикоятҳои халқии дилхушкунандаро дар бар мегирифт, вале дар асл мазмуни рамзие дошт дар панду андарз ба ҳукмронони давр. Ба тавассути китоб, нерӯи сухан (калом) Бидпой мехост ҳукмрононро ба роҳи рости давлатдорӣ, муомила бо зердастон, хидматгорони дарбор ва раият, адолатпарварӣ, инсондӯстӣ, саховат, гӯш надодан ба сухани ғаммозону ҳасудон, сабру таҳаммул пеша кардан, аз шитобзадагӣ дур будан дар кору бор ва амру фармон ва ғ. ҳидоят намояд. Добшилим китобро хуб пазируфт. Бидпой хоҳиш кард, ки шоҳ онро хуб муҳофизат кунад, чунки мардумони дигар, мас., форсҳо (эрониён) онро ғасб менамоянд. Пешгӯии ҳаким Бидпой рост баромад. Аз Эрон ба Ҳинд Барзуя ном пизишки донишманде рафта, ин китобро оварда ба забони паҳлавӣ тарҷума кард ва дар адабиёти мардуми эронинажод он пас аз тарҷумаи арабиаш аз ҷониби Ибни Муқаффаъ бо номи «Калила ва Димна» машҳур гардид. Дар таҳриру тасниф ва тадвинҳои «Калила ва Димна» аз ҷониби адибону шоирони форс-тоҷик Абулмаолии Насруллоҳ, Аҳмади Қонеӣ (асри 13.), Ҳусайн Воизи Кошифӣ, Абулфазл ибни Муборак (асри 16), Ҷаҳонбахши Ҷомеҳрӣ (шоири эронии садаи XX) ва диг. Бидпой чун гӯяндаи ҳикоёти «Калила ва Димна», яъне мауаллифи он ном бурда шудааст. Китоби «Анвори Суҳайлӣ» — «Калила ва Димна»-и Ҳусайн Воизи Кошифӣ аз муколамаи Добшилим ва бараҳман Бидпой иборат буда, бобҳои он бадарёин васила ба ҳам пайваст гардидаанд. Дар фарҳангҳои форсии «Ғиёсу-л-луғот», «Фарҳанги Ҷаҳонгирӣ», «Онандроҷ» «Нозиму-л-аттибо»," Фарҳанги форсӣ"-и Муин ва ғ. зикр гардида, ки ҳакими донишманд барои Добшилим «Калила ва Димна»-ро тасниф ва бозгӯ кардааст.

Адабиёт

вироиш
  • Калила ва Димна. Д., 2009;
  • Панчатантра или Пять книг житейской мудрости. М., 1989;
  • دهخدا. لغتنامه. لوح فشردۀ الکترونی.؛ پور داود. یشتها. ج۲. تهران، ۱۳۴۷ هـ. ش.

Сарчашма

вироиш