Биля́рд, гоҳо биллиа́рд[1] (фр. billard, аз фр. bille — саққо ё фр. billette, billart — чӯб[2]) — бозие, ки бо кий (чӯби асомонанд) ва саққоҳо дар болои мизи махсус доир мешавад.

Саққочаҳои билярд барои бозӣ дар пул
Миз, кий ва сақочаҳо барои бозӣ дар пул
Билярди русӣ

Мақсади бозигарон бо кий саққочаҳоро зада ба тӯрхалтаҳо андохтан ва аз ҳариф зиёдтар хол гирифтан аст. Аз навъҳои бозии билярд паҳншудатарини он бозии карамбол, билярди амрикоӣ (пул), снукёр ва билярди русӣ мебошанд. Дар карамбол бозӣ бо се саққо болои мизи бе тӯрхалтаҳо мегузарад. Холҳо аз рӯйи бо саққои худ ба ду саққои дигар зарба задан ҳисоб карда мешаванд. Дар билярди амрикоӣ миз 6 тӯрхалта дорад ва бозӣ бо 16 саққо мегузарад, мақсади асосӣ задани саққои рангу рақамаш муай-ян мебошад ва мувофиқи он холҳо ҳисоб карда мешаванд. Дар билярди снукёр бозӣ болои мизи 6-тӯрхалтадор бо 22 саққо мегузарад, ки саққоҳои рангашон гуногун аз рӯйи тартиби муайян зада мешаванд.

Таърих

вироиш

Билярд асрҳои 15-16 дар Аврупои Ғарбӣ (Фаронса, Англия) пайдо шуда, асрҳои 17-18 дар Аврупо ва Амрико васеъ паҳн гардид; қоидаҳои бозӣ таҳия гардиданд, таҷҳизот такмил ёфт. Аввалин чемпионати умумиҷаҳонӣ оид ба карамбол соли 1873 дар Ню-Йорк баргузор гардид. Аз ибт. садаи XX оид ба намудҳои асосии билярд мунтазам мусобиқаҳои ҷаҳонӣ доир мешаванд. Соли 1992 Конфедератсияи умумиҷаҳонии варзиши билярд таъсис шуд, ки 97 федератсияи миллиро муттаҳид мекунад (2005).

Ибтидои садаи XVIII билярдро дар Россия Пётри I ворид намуд. Авв. садаи XIX билярди русӣ ташаккул ёфт ва қоидаҳои он таҳия гардиданд. Дар билярди русӣ нисбат ба билярди амрикоӣ ҳаҷми миз калонтар ва миқдори саққоҳо зиёдтар буда, гӯшаҳои тӯрхалтаҳо тез аст ва бозӣ бо 16 саққо мегузарад. Мақсади бозӣ ба тӯрхалта зада даровардани 8 саққо мебошад. Дар собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ мусобиқаҳои калон оид ба билярд гузаронида намешуданд. Билярди русӣ соли 1988 аз нав эҳё шуд. Соли 1989 Федератсияи билярди СССР таъсис ёфт. Соли 2000 дар ҶФГ аввалин чемпионати байналхалқӣ оид ба билярди русӣ баргузор шуд. Нахустин чемпиони ҷаҳон оид ба билярди русӣ Евгений Сталев (Россия) буд. Соли 2006 Кумитаи Аврупо оид ба бозии «пирамида» ташкил ёфт, ки мувофиқи қарори он чемпионат оид ба билярд дар Аврупо фақат дар намуди «пирамидаи озод» гузаронида мешавад.

Билярд дар Тоҷикистон

вироиш

Билярд дар Осиёи Марказӣ тақрибан солҳои 1850 пайдо шуд ва бозии ашрофзодагон буд. Ҳоло дар шаҳри Кӯлоб мизи билярд мавҷуд аст, ки соли 1873 сохта шудааст. Аз ин маълум мешавад, ки билярд бозӣ дар Аморати Бухоро низ маъмул буд ва бо ин бозӣ табақаи дорои аҳолӣ машғул мешуданд. Дар замони шӯравӣ билярд дар Тоҷикистон дастраси оммаи халқ гардид ва одамон бо он ҳамчун намуди бозии фароғатӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ машғул мешуданд. Баъзе муассиса ва корхонаҳои давлатӣ барои истироҳати кормандонашон билярдхонаҳо доштанд. Аз сабаби шавқовар будани ин бозӣ ва барои ҷалб намудани кӯдакону наврасон давлат билярдҳои хурдро ба фурӯш мебаровард. Билярдбозӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва дигар шаҳрҳову маркази ноҳияҳои ҷумҳурӣ хеле ривоҷ ёфт.

Соли 2001 бо ташаббуси Мирзоев Муҳаммадҷон дар Тоҷикистон Федератсияи билярд ташкил карда шуд. Аз ҳамин давра сар карда дар сатҳи вилоят ва ҷумҳурӣ мусобиқаҳои билярдбозон гузаронида мешаванд. Аввалин устоди варзиши Тоҷикистон оид ба билярд Мадмӯсоев Ҳомидҷон мебошад, ки солҳои 2001-07 дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявии билярдбозон ҷои якумро ишғол кардааст. Федератсияи билярди Тоҷикистон барои ишғоли ҷойи 1-3 дар як сол 3 маротиба ва барои муайян кардани чемпиони мутлақи ҷумҳурӣ як маротиба чемпионати ҷумҳуриявӣ мегузаронад. Дар Тоҷикистон 10 нафар Устоди варзиши Тоҷикистон оид ба билярд ҳастанд.

  1. Биллиард // Большая советская энциклопедия : [в 30 т.] / гл. ред. А. М. Прохоров. — 3-е изд. — М. : Советская энциклопедия, 1969—1978.
  2. Everton, Clive (1986). The History of Snooker and Billiards (rev. ver. of The Story of Billiards and Snooker, 1979 ed.). Haywards Heath, UK: Partridge Pr. pp. 8–11. ISBN 1-8522-5013-5. 

Сарчашма

вироиш