Биметалл (аз лот. bis – ду карат ва металл) — маводди филиззӣ иборат аз ду қабати филиззҳои гуногун ё хӯлаҳои гуногунҷинса (мас., пӯлод – алюминий, пӯлод – ниобий, алюминий – титан, титан – молибден ва ғайра).

Биметаллро асосан бо роҳи якҷоя сахт фишурдани ду хел масолеҳи филиззӣ ё хӯлаҳои гуногун, дар рӯйи филиззи душворгудоз давондани филиззи осонгудоз, ба маҳлули филиззии осонгудоз ғӯтондани филиззи душворгудоз, андудани галваникӣ ва ғ. ҳосил мекунанд. Биметалл барои зиёд кардани мустаҳкамиву гармибардории конструксияҳо, кам кардани массаи онҳо (ба мақсади сарфаи филиззоти қиматбаҳо ва нодир), тайёр кардани пояи таҷҳизот, чун зарфи нигоҳдории маводди кимиёии нафтӣ, энергетикаи атомӣ (биметалли ба занг тобовар), тайёр кардани подшипникҳои лағзиш (биметалли зиддифриксионӣ) ва ҷузъҳои техникаи кайҳонӣ, ноқилҳои электрикӣ, асбобу анҷоми рӯзгор, сикка задани тангаҳо ва ғ. истифода мешавад.

Эзоҳ вироиш

Сарчашма вироиш