Бидун

(Тағйири масир аз Бинду)

Бидун (номаълум, Сарзамини Суғд670-ум) — бухорхудот, ҳамсари Хутакхотун ва падари Туғшода. Дар маъхазҳои таърихӣ бо номҳои «Бандун», «Нидун», «Садун» ҳам сабт гардидааст.

Бидун
номаълум — 670
Таваллуд номаълум
Даргузашт 670-ум
Ҳамсар Хутакхотун
Фарзандон Туғшода

Бухорхудот лақаби ҳокимони пешазисломии Бухоро буд, ки маънои соҳиби Бухороро ифода мекард. Балозурӣ дар «Футӯҳ-ул-булдон» ӯро «Бандуни Суғдӣ» ва шоҳи Суғд муаррифӣ мекунад: волии араби Хуросон «…Салм ибни Зиёд аз дарё (Ому) гузашта, подшоҳи Суғд — Бандунро бикушт». Мутобиқи маълумоти Наршахӣ, солҳои 80 садаи 7 ва нимаи аввали садаи 8 Бидун, Туғшода, Бунёт ва Сухон ҳокимони Бухоро (Бухорхудот) будаанд. Пас аз ба қатл расидани Бидун писараш Туғшода подшоҳ эълон мешавад, вале азбаски Туғшода хурдсол буд, амалан модараш Хотун (ба қавли Ибни Аъсами Куфӣ Хутак-хотун) фармонфармоӣ мекард. Ӯ 15 сол дар Бухоро ҳукмронӣ карда, ба ивази маблағ борҳо бо аъроб сулҳ баста, онҳоро аз Бухоро дур кардааст. Пас аз вафоти Хотун аз с. 693 писараш Туғшода соҳиби воқеии тахти Бухоро гардид.

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш