Бинидарӣ
Бинидарӣ — ҷузъи санъати меъморӣ, қисми дар.
Бинидарӣ тахтаи чортарошест, ки 5–10 см бар ва ба андозаи баландии дар, дарвоза ё дарича дарозӣ дошта, аксаран ба зеҳи табақаи чап насб мешавад. Дарҳои яктабақа низ дар қисми мобайн Бинидарӣ доранд. Бинидарӣ аз замони қадим аҳаммияти амалӣ (тарқиши дар ё дарвозаро мепӯшонад) ва ороишӣ (ҳамчун қисми ороишӣ ин тахтаи чортарош гулбурӣ ва кандакорӣ мешавад) дорад. Дар меъмории Осиёи Миёна ва хусусан дар шаҳрҳои косибнишини Бухоро, Самарқанд, Марв, Хуҷанд, Ӯротеппа ва ғ. ҳангоми сохтани дару дарвозаҳои мадрасаву масҷиду мазорҳо ва қисман хонаҳои истиқоматӣ Бинидарӣ маъмул буд. Бинидарӣ нақша ва андозаву шакли гуногун дорад; гоҳо ба тариқи сарсутун – боша, баъзан дар шакли сутунҳои мунаққаш (ансамбли меъмории Шайх Муслиҳиддин дар Хуҷанд) ва аксаран ба намуди чорчӯбаи музайян сохта мешавад. Ин ҷузъи санъати меъморӣ имрӯз ҳам маъмул аст.
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- Бинидарӣ // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.