Бинсир (ар. بنصر‎ — ангушти байни вусто ва хинсир) — номи пардаи миёнаи барбат (уд), ки байни пардаҳои вустои  залзал ва хинсир воқеъ шудааст. Ба воситаи ангушти миёна дар ин парда ҳосил кардани овозро низ бинсир гӯянд. Ҳангоми навохтани сози барбат ин пардаро бо ангушти миёна зер мекунанд. Вазъи воқеъшавии пардаи бинсир дар нақшаи барои сози барбат (уд) тартибдодаи мусиқишиносон чунин аст:

Мутлақ

Зоид

Муҷаннаб

Саббоба

Вустои

фурс

Вустои

залзал

Бинсир

Хинсир

А Ҳ ӣҳ Кб Кт
Б Т ӣв Кҷ Л
Ҷ ӣ ӣа Кд Ла
Д ӣа ӣҳ Кҳ Лб
Ҳ ӣб ӣт Кв Лҷ
В ӣҷ К Кз Лз
З ӣд Ка Кҳ Лҳ
Ҳ ӣҳ Кб Кт Лв
Бам мусаллас Мусанно зир ҳадд

Ишораҳои ҳарфии А, Б, Ҷ, Д, Ҳ, В, З, Ҳ ифодаи тахминии байни пардаҳо буда, ин фосила аз ним парда хурд ва аз чоряк парда калонтар аст. Ишораи ҳарфии дигар хоначаҳои нақша низ фосилаи байни пардаҳоро ифода мекунанд. Аз ҷумла, фосилаи байни пардаҳои Б. ва хинсир (Ҳ, Иҳ, Кб, Кт, Лв) ним парда аст. Инчунин фосилаи байни пардаҳои зоиду муҷаннаб, саббобаю вустои фурс низ ним парда аст.

Нигаред низ

вироиш

Сарчашма

вироиш