Биогенез (аз био... ва юн. genesis – пайдоиш) — назарияе, ки аз материяи ғайризинда пайдо шудани мавҷудоти зиндаро дар рӯйи Замин инкор мекунад.

Асоси тасаввурот оид ба Б. муқобил гузоштани зинда ба ғайризинда ва абадӣ будани ҳаёт аст. Тарафдорони биогенез тахмин мекарданд, ки ҷанини мавҷудоти зинда ба Замин аз дигар ҷисмҳои осмонӣ оварда шудааст (назарияи панспермия). Муаллифони биогенез такя ба он доранд, ки интиқоли ҷанин аз нигоҳи назариявӣ имконпазир аст, зеро ҳангоми набудани оксиген ва сард будани ҳарор. фазои кайҳон ҷанин метавонад дар ҳолати анабиоз қарор дошта бошад. Вале минбаъд ошкор шуд, ки афканишоти кайҳонӣ ҳатто спораҳои бисёр устувори бактерияҳоро низ маҳв мекардааст.

Сарчашма

вироиш