Биолабораторияозмоишгоҳи биологӣ, муассисаест, ки бо мақсади ҳифзи зироати кишоварзӣ аз касалиҳо, алафҳои бегона ва ҳашароти зараррасон таъсис дода мешавад.

Биолабораторияҳои вилоятӣ, ноҳиявӣ ва корхонавӣ (дар муассисаҳои истеҳсолию хоҷагиҳо) вуҷуд доранд. Биолаборатория бо асбобу олоти техникӣ, маводди кимиёӣ ва диг. воситаҳои мубориза бо мавҷудоти зараррасони кишоварзӣ, касалии рустаниҳо, алафҳои бегона муҷаҳҳаз мебошанд. Дар биолаборатория тадбирҳои босамари мубориза бо зараррасонҳои кишоварзӣ дарёфт ва иҷрои онҳо назорат карда мешаванд. Бо мақсади муборизаи биологӣ бо ҳашароти зараррасони пахта ва диг. зироатҳо дар биолаборатория ҳашароти фоиданок (мас., барои маҳв кардани тухми пулакчаболҳо трихограмма, барои нест кардани кирми ғӯза габробракон ва ғайра)-ро мепарваранд. Дар биолабораторияи Институти зоология ва паразитологияи АИ КТ ҳашароти муфид, мас., трихограммаро дар тухми миттаи ғалладона зиёд мекунанд. Истифодаи ин гуна ҳашарот муҳитро аз ифлосӣ ҳифз менамояд. Дар биолабораторияҳои хоҷагиҳои сабзавоткор барои маҳв кардани сафедболаки гармхонаҳо занбӯруғҳои махсус парвариш карда мешаванд. Ғайр аз ин, дар биолабораторияҳо барои муҳофизати рустанӣ аз воситаҳои кимиёӣ (мас., дендробатсиллимен, энтеробактерин ва ғайра) истифода мебаранд.

Сарчашма

вироиш