Биолюминессенсия (аз юн.-қад. βίος, «ҳаёт» и лот. lumen — «нур») — аз худ нур баровардани организмҳо.

Биолюминессенсияро дар бактерияҳо, рустаниҳои дараҷаи паст (мас., занбӯруғҳо), баъзе ҳайвоноти бемуҳра (содатаринҳо, ҳашарот) ва моҳиҳо мушоҳида кардан мумкин аст. Биолюминессенсия асосан дар байни ҷонварони баҳру уқёнусҳо дучор мешавад. Баъзан онҳо чунон бисёр афзоиш мекунанд, ки гирду атроф равшан мешавад. Агар дар муҳит оксиген кифоя бошад, организмҳо (мас., бактерияҳо, содатаринҳо, харчангшаклҳо, занбӯруғҳо ва ғайра) мунтазам нур мебароранд.

Биолюминессенсия ба хемолюминессенсия тааллуқ дорад: нурбарорӣ бинобар оксидшавии ферментативии лютсиферинҳо зери таъсири оксигени ҳаво ба амал меояд. Дар натиҷаи энергияи кимиёии ҳосилшуда молекулаи лютсиферин қисман ангезиш меёбад ва ҳангоми ба ҳолати аввала баргаштан, нур мебарорад. Лютсеферинҳо мисли ферментҳое, ки оксидшавии онҳоро метезонанд (лютсеферазаҳо), дар организмҳо гуногун мебошанд, мас., лютсеферини бактерияҳо фламинмононуклеотид (рибофлавин-5-фосфат) аст. Хосияти умумии ҳамаи лютсиферинҳо — флуорессенсия ҳосил кардани онҳо мебошад. Аз рӯйи дараҷаи мураккабӣ 3 силсилаи биолюминессенсияи организмҳо маълум аст. Биолюминессенсияи нисбатан сода фақат аз лютсеферин ва лютсефераза иборат мебошад. Ин тарзи биолюминессенсия дар Cypridina ба мушоҳида мерасад (ин харчанг нури сабзи кабудтоби дарозии мавҷаш 440—460 нм мебарорад). Тарзи нурбарории бактерияҳо мураккаб аст. Дар ин маврид ба ғайр аз лютсиферин ва лютсифераза ҳамчунин алдегиди силсилаи карбонаш дароз R — CHO (R — аз 7 то 14 атоми карбон иборат аст) вуҷуд дорад. Бактерияҳо аз худ нури сабз (дарозии мавҷаш 560 нм) мебароранд. Тарзи биолюминессенсияи ҳашарот ҳам хеле мураккаб аст. Онҳо нури сабзи зардтоб (қариб 560 нм) меафкананд. Барои реаксияи биолюминессенсияи ҳашарот ба ғайр аз лютсиферин ва лютсифераза АТФ (аденозинтрифосфат) ва магний лозим аст. Энергияе, ки ҳангоми гидролизи АТФ ҳосил мегардад, эҳтимол силсилаи лютсиферин-лютсиферазаро фаъол намуда, оксидшавии лютсеферин ва нурбарориро таъмин менамояд. Тахмин мекунанд, ки биолюминессенсия дар зинаи гузариш аз шакли анаэробии ҳаёт ба ҳаёти аэробӣ (вақте ки дар атмосфераи нахустини Замин оксиген ҷамъ гашт) ба вуҷуд омадааст. Биолюминессенсия аҳаммияти гуногуни биологӣ дорад. Мас., дар ҳашарот он барои ҳамдигарро ёфтани фардҳои наринаю модина чун сигнал истифода мешавад; моҳиҳо ба воситаи биолюминессенсия ғизо меёбанд, рӯдапоҳо худро аз душман ҳимоя мекунанд ва ғ.

Сарчашма

вироиш