Бионика
Био́ника (аз юн.-қад. βίον «барҳаёт») — як фасли кибернетика, ки имконияти истифодаи сохту фаъолияти организми зиндаро меомӯзад.
Таърихи рушд
вироишАсосгузори бионика Леонардо да Винчи аст. Ӯ аввалин шуда барои сохтани дастгоҳе, ки бояд чун паранда бол мезад (орнитоптер), кӯшиш намуд. Ба вуҷуд омадани кибернетика барои омӯзиши нисбатан пурраи умумияти сохту вазифаи силсилаҳои зинда ва техника, инчунин истифодаи маълумоти бадастоварда барои ба вуҷуд овардани асбобу олот, механизм ва маводди нав замина гузошт. Симпозиуми якум оид ба бионика (1960, Дайтон, ИМА) бионикаро чун илми мустақил ба расмият даровард.
Дар рафти таҳаввулоти мавҷудоти гуногуни биологӣ дар онҳо узву бофтаҳои басо мувофиқ ба вуҷуд омадаанд. Дар баробари ин андозаи он узвҳо ниҳоят хурд ва барои истифодаи ҷонварон қулай мебошанд. Аз ин сабаб афзудани талабот ба бузургиҳои системаҳои техникӣ (дақиқӣ, боэътимодӣ, каммасрафӣ ва ғайра) зарурати ба сифати «намуна» истифода бурдани организми ҳайвонот ва набототро ба миён овард. Вазифаи бионика аз омӯзиши амалиёти биологӣ дар организми мавҷудоти зинда (барои сохтани таҷҳизоти техникӣ, ҳалли масъалаҳои инженерӣ ва ғайра) иборат аст. Барои дар соҳаи техника истифода бурдани имкониятҳои ҷонварон қаблан омӯхтани кори ин ё он узв, дарёфти усулҳои тасвири математикӣ ва моделонии математикии амалиёте, ки дар онҳо мегузаранд, зарур аст. Бионика ҳамчунин ба таҳияи намунаҳои биологӣ (мас., узвҳои идрок ва таҳияи ахбор, унсурҳои силсилаи асаб ва ғайра) машғул мебошад. Бионикаро барои ҳалли бисёр масъалаҳо истифода мебаранд, мас., сохтани таҷҳизоти дарёгарди хурдҳаҷм; асбобҳои дарёфткунанда барои системаи дарки ахбор; сохтани асбобҳои электронии хурд; асбобҳое, ки энергияи кимиёӣ ва биокимиёиро ба энергияи механикӣ табдил медиҳанд; сохтани таҷҳизоти гуногуни биоэлектрӣ (мас., протезҳо) ва ғ. Бионика ба таҳқиқи силсилаҳои нисбатан мукаммали ҳайвонот — «антенна»-и шапалак ва парвонаҳо, алоқаи ултрасадоии моҳиёну ҳайвоноти баҳрӣ, системаи кӯчи паррандаҳо, тарзи фаъолияти соати биологӣ, локатсияи ултрасадоии кӯршапаракҳо, хусусиятҳои ҳаракати моҳиёну ҳайвоноти баҳрӣ ва ғ. низ машғул аст. Дар соҳаи бионика муҳандисон, духтурон, равоншиносон, физиологҳо, математикҳо, физикадонҳо, кимиёдонҳо кор мекунанд. Бионика ҳарчанд дар марҳалаи аввали тараққиёт қарор дорад, ба бисёр дастовардҳо ноил шудааст. Комёбиҳои бионика барои дарки муфассали бисёр амалиёти биологӣ заминаи мусоид фароҳам оварданд (онҳоро метавон ҳангоми сохтани асбобҳои техникӣ истифода бурд).
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- Бионика // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.