Биооптика
Биооптика (аз био... ва оптика) — як фасли биология, ки маҷмӯи ҳодисоти аз тарафи организмҳои зинда барои ёфтани самт истифода бурдани рӯшноиро меомӯзад.
Биооптика масъалаҳоеро, ки одатан морфология, физиология, нейрофизиология, оптика, экология ва этология ҳаллу фасл менамоянд, дар бар мегирад. Самтгирӣ нисбат ба манбаи рушноӣ на фақат ба ҳайвонот, балки ба наботот ва содатаринҳо низ хос аст. Баъзе содатаринҳо узви махсуси қабули рӯшноиро доранд. Дар ҳайвоноти олиташаккул чашм на фақат рӯшноиро ҳис мекунад, балки ашёро низ мебинад. Чашм сохтори гуногун дорад. Чашми ҳашарот ва харчангшаклҳо мураккаб буда, аз омматидийҳо таркиб ёфтааст. Қарния ва зуҷоҷияи чашми ҷонварони муҳрадор, нармбаданҳои шикампо, тортанакҳо ва баъзе кирмҳо дар қаъри чашм акси ашёро тасвир менамоянд. Биооптика дар баробари сохтор, вазифаи оптикӣ, механизмҳои ретсепторию асабии чашм ва марказҳои босираи ҳайвонот ҳамчунин нишонаҳои рушноӣ, ранг, забони имою ишора ва қиёфасозӣ, рангҳои огоҳсозанда ва хӯсонанда, ранги гулу меваҳо ва ғ-ро меомӯзад.
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- Биооптика // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.