Биосеноз (аз био… ва юн. koinos — умумӣ) — маҷмӯи организмҳое, ки дар муҳити шароиташ яксон ҳамроҳ зиндагӣ мекунанд (наботот, ҳайвонот, микроорга­низмҳо).

Истилоҳи «биосеноз»-ро биологи олмонӣ К. Мёбиус (1877) кашф кардааст. Мафҳуми биосеноз олами зиндаи биогеотсенозро ифода менамояд. биосеноз ба фитотсеноз ва зоотсеноз ҷудо мешавад. Қисми зиндаи биосеноз бо қисми ғайризин­даи он ҳамеша дар алоқамандии моддию нерӯист.

Мод­даҳои аввалини органикиро организмҳои авто­т­ро­­фӣ – рустани­ҳои сабз дар ҷараёни фотосинтез ҳосил мекунанд. Ин гуна моддаҳоро дар ҷараёни реаксияҳои мубодилаи кимиёӣ (хемосинтез) баъзе микроорганизмҳо низ ба вуҷуд меоранд. Организмҳои гетеротрофӣ (ҳай­вонот, занбӯруғ, баъ­­зе бактерияву вирусҳо) моддаҳои органикиро дар раф­ти ғизогирӣ, нафаскашӣ, рушди тана ва ғ. дигаргун месозанд. Фаъолияти хоҷагии инсон метавонад биосенозро ба манфиати худ тағйир диҳад. Муносибати байни намудҳо­е­ро, ки барои ду ва ё чанд намудҳои дигар шароити мусоид фароҳам меоранд, ёрии тарафайн меноманд. Масалан, рустаниҳое, ки бо ёрии ҳашарот гардолуд мешаванд, ба ҳашароте муҳтоҷанд, ки гарди як рустаниро ба рустании дигар бурда, боиси гардолудӣ мегарданд. Дар ҳолати дигар муносибати тарафайни намудҳо нисбат ба ҳам му­қо­биланд (мас., ҳамдигарро хӯрдани ҳайвонҳои даранда). Агар ду намуд аз шароити яксони муҳит ғизо гиранд ва ғизо тадриҷан кам гардад, он гоҳ муносибати байни на­мудҳо рақобати байни якдигар мешавад. Мас., руста­ни­ҳо барои рӯшноӣ ва намакҳои минералии таркиби хок байни ҳам рақобат мекунанд, рустаниҳое, ки шоху пояашон инкишоф ёфтааст, рӯшноиро бештар гирифта, зуд месабзанд ва баръакс, рустаниҳое, ки дар зери сояи шоху барги онҳо мондаанд, нобуд мешаванд ё суст месабзанд. Дар байни ҳайвоноти даранда низ чунин рақобат вуҷуд дорад. Антибиози микробҳо низ яке аз шаклҳои ҳамин гуна рақобат аст. Мас., занбӯруғи пенитсиллиум ҳангоми дар­ёф­ти ғизо сабзишу афзоиши бисёр бакте­рия­ҳоро бозмедорад. Омӯ­зи­ши биосеноз аҳаммияти зиёд дорад. Мас., донистани қонуни­яти биосеноз ҳангоми ба шароити нав муқимӣ намудани ҳай­во­ноти серпашм, мубориза бо за­рар­расон­ҳои кишовар­зӣ, истифодаи самарабахши замин, об ва ғ. муҳим аст.

Адабиёт

вироиш
  • Биологический энциклопедический словарь. М., 1986;
  • Мамонтов С. Г., Захаров В. Б., Козлова Т. А. Биология. М., 2008.

Сарчашма

вироиш


Шаблон:Экосистема


Шаблон:Ecology-stub