Биотип
Биоти́п — гурӯҳи организмҳое, ки ба таркиби популятсияи маҳаллии генотипашон якхела ворид шуда, аломатҳои монанд доранд.
Аз рӯйи ақидаи биологи даниягӣ В. Иогансен (1909) Биотипи гомозиготӣ дар рустаниҳои худгардолуд ҷузъи одитарини сохтори популятсия мебошад. Дар популятсияҳои рустаниҳое, ки гулашон аз гарди дигар рустаниҳо гардолуд мешавад, Биотип дар натиҷаи институтихоби пай дар пай ва афзоиши чандкаратаи организмҳои дараҷаи қаробаташон наздик ба вуҷуд омадааст. Ибтидои садаи XX бисёр биологҳо, аз ҷумла Н. И. Вавилов Биотипро воҳиди хурдатарини таксономӣ мешумурданд. Аз рӯйи маълумоти онҳо намуд аз маҷмӯи Биотип дар натиҷаи институтихоб ба вуҷуд меояд. Гурӯҳи калони организмҳо, ки аз намудҳои бисёр иборат буда, аз рӯйи мутобиқат ба шароити зист монанданд, ба тип дохил карда мешавад. Ба тип, Масалан., хояндаҳои зеризаминӣ, рустаниҳои эфемерии биёбон ва ғ. мансубанд.
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- Биотип // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.