Биофа́брикамуассисаест, ки барои ташхис, пешгирӣ ва муолиҷаи касалиҳои сироятии ҳайвонот доруҳои биологӣ (Масалан ваксина, зардоб ва ғайра) тайёр мекунад. Биофабрикаҳои аввалин иқтидори зиёди истеҳсолӣ надоштанд.

Солҳои 70 садаи XX аксарияти биофабрикаҳо ба корхонаҳои пуриқтидор табдил ёфта, 8-10 навъи доруҳои биологӣ истеҳсол мекарданд. Биофабрика аз коргоҳҳои истеҳсол (Масалан коргоҳҳои ваксина, зардоб, доруҳои ташхиси касалӣ ва ғайра), тайёрӣ (Масалан матбахибактериологӣ, шустушӯ ва ғайра), бастабандӣ ва ғ. иборат аст. Барои тайёр кардани доруҳои биологӣ муҳити ғизои сунъӣ, ҳайвонот (Масалан асп, барзагов, заргӯш, гӯсфанд, буз ва ғайра) ва ҷанини мурғ истифода мешавад. Ҷараёни технологии истеҳсоли доруворро бо ёрии реакторҳо, суперсентрифугаҳо, компрессор ва ғайра идора мекунанд. Дар озмоишгоҳи Биофабрика ҳар як доруро пеш аз истифода дақиқ месанҷанд.

Сарчашма

вироиш